Қатъи густардаи интиқоли барқ дар Қазоқистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон

Имрӯз, 25 январ соати 10:57 дақиқа бар асари садамаи бузург дар шабакаҳои барқии Қазоқистон интиқоли барқ ба шаҳрҳои Алмато, Чимкент, Тарас, Туркистон (вилоятҳо) ва ноҳияҳои гирду атрофи онҳо қатъ шуд, хабар медиҳад Телеграм-канали Podrobno.uz. Дар натиҷаи садама шабакаи барқи Ӯзбекистон, ки ба Шабакаи ягонаи барқӣ пайваст мебошад, осеб дид. Интиқоли барқ ба вилоятҳои Фарғона ва […]

Asia-Plus

Имрӯз, 25 январ соати 10:57 дақиқа бар асари садамаи бузург дар шабакаҳои барқии Қазоқистон интиқоли барқ ба шаҳрҳои Алмато, Чимкент, Тарас, Туркистон (вилоятҳо) ва ноҳияҳои гирду атрофи онҳо қатъ шуд, хабар медиҳад Телеграм-канали Podrobno.uz.

Дар натиҷаи садама шабакаи барқи Ӯзбекистон, ки ба Шабакаи ягонаи барқӣ пайваст мебошад, осеб дид.

Интиқоли барқ ба вилоятҳои Фарғона ва Тошканд, водии Фарғона, вилоятҳои Сирдарё, Самарқанд, Навоӣ ва Қашқадарё қатъ шуд.

Айни замон ҷиҳати алоҳида ба кор даровардани   ҳар кадоме аз Марказҳои барқу гармидиҳӣ тадбирҳо рӯйи даст гирифта шуда, интиқоли барқ ба шаҳрҳо давра ба давра барқарор мешавад.

Дар фурудгоҳҳои Тошканд, Намангон, Андиҷон, Фарғона, Тирмиз, Қаршӣ, Ургенҷ, Бухоро, Нуқус  ва Самарқанд мушкилоти таъминот бо барқ рӯйи кор омадааст. Пас аз анҷоми таъмир дар шабакаҳои барқ фурудгоҳҳо корашонро барқарор мекунанд.

Дар низоми энергетикии Қирғизистон, аз ҷумла шаҳрҳои Бишкеку Ӯш ва дигар шаҳрҳо низ мушкилоти интиқоли барқ ба мушоҳида мерасад.

Доир ба сабабҳои садамаи бузургмиқёс дар шабакаҳои барқӣ мақомоти Қазоқистон ва Ӯзбекистон назари ягона надоранд.

Дар Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон изҳор намуданд, ки қатъи интиқоли барқ дар Осиёи Мрказӣ бо сабаби садама дар қаламрави Қазоқистон ба амал омадааст. Дар Вазорати энергетикаи Қазоқистон бошад, сабабро дар низомҳои энергетикии Ӯзбекистону Қирғизистон мебинанд, ки иқтидор барои транзити барқ босуръат афзоиш ёфтааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.