Русия квотаи таҳсил барои донишҷӯёни тоҷикро зиёд кард

Русия квотаи таҳсил барои донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои ин кишварро имсол 120 адад зиёд кардааст. Дар ин бора Иван Иванов, раиси намояндагии "Россотрудничество" ба хабаргузори ТАСС хабар дода гуфтааст, шумораи квота барои таҳсили тоҷикон дар донишгоҳҳои Русия аз ҳисоби буҷети федералии солҳои 2022-2023 афзоиш ёфт. Манбаъ гуфтааст, шумори квота ё худ ҷойи таҳсил дар донишгоҳҳои […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Русия квотаи таҳсил барои донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои ин кишварро имсол 120 адад зиёд кардааст. Дар ин бора Иван Иванов, раиси намояндагии "Россотрудничество" ба хабаргузори ТАСС хабар дода гуфтааст, шумораи квота барои таҳсили тоҷикон дар донишгоҳҳои Русия аз ҳисоби буҷети федералии солҳои 2022-2023 афзоиш ёфт.

Манбаъ гуфтааст, шумори квота ё худ ҷойи таҳсил дар донишгоҳҳои Русия барои Тоҷикистон ба ин тартиб то ба 750 адад баробар шуд, ки соли гузашта 630 ҷойи таҳсил буд.

Иван Иванов дар мавриди квтотаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик гуфтааст, “афзоиши ҷиддӣ мушоҳида мешавад”.

Бино ба гуфти раиси намояндагии "Россотрудничество" дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Русияву Тоҷикистон, ки дар назар аст ояндаи наздик баргузор мешавад, масъалаи афзоиши шумори квотаҳо матраҳ мешавад.

«Тоҷикистон аз рӯи анъана дар қатори панҷ кишвари беҳтарини ҷаҳон (аз рӯи миқдори квотаҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия) ҷой гирифта, дар байни кишварҳои ИДМ мавқеи пешсафро ишғол мекунад», – гуфтааст Иван Иванов

Маъракаи омӯзиши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дар асоси фармоне, ки соли 2013 дар Федератсияи Русия содир шуда буд, сурат мегирад. Манбаъ мегӯяд, ҳоло дар донишгоҳҳои Русия ҳудуди 23 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.