Дар 2 рӯз “Гурӯҳҳои мобилӣ” 42 қонуншиканӣ дар роҳҳоро ошкор карданд

 “Гурӯҳҳои мобилӣ”-и Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар муддати ду шабонарӯз – 22 ва 23 январ  42 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ошкор намуданд. Тавре ки маркази матбуоти Раёсат хабар медиҳад, қонушикании бештар маъмул ва аз ҳама зиёдтар – нодуруст ба таваққуф гузоштани автомашина аст. Гуфта мешавад, аз ҳама бештар қонуншиканиҳо дар ноҳияи […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

 “Гурӯҳҳои мобилӣ”-и Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар муддати ду шабонарӯз – 22 ва 23 январ  42 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ошкор намуданд.

Тавре ки маркази матбуоти Раёсат хабар медиҳад, қонушикании бештар маъмул ва аз ҳама зиёдтар – нодуруст ба таваққуф гузоштани автомашина аст.

Гуфта мешавад, аз ҳама бештар қонуншиканиҳо дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт  – 15 адад ошкор гардида, дар ноҳияи Шоҳмансур – 11, Исмоили Сомонӣ  ва Сино – дар ҳар кадоме 8 қонуншиканӣ сабт шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирӣ аз қонуншиканӣ дар роҳҳо ва вазъи тамбашавии роҳҳои нақлиётгарди пойтахт “Гурӯҳҳои мобилӣ” таъсис дод.

Рӯзи 30 декабри соли 2021 Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ғолибони озмун дар бораи беҳтарин навори видео ё аксҳоро вобаста ба ҳолатҳои қонуншиканӣ дар роҳҳо эълон кард.

Зинаи аввал ва 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ба шаҳрванд зери №46 супурда шуд, ки ӯ 29 мавод оид ба ҳолати қонуншиканиҳо дар роҳро ирсол намудааст.

Зинаи дуюм ва 3 ҳазор  сомонӣ мукофотпулӣ ба иштирокчии №90 бо 50 мавод сазовор дониста шуд. Мукофотпулии зинаи сеюм ба ду нафар – ба ҳар кадоме 2 ҳазор сомонигӣ ба иштирокчиёни №18 (18 мавод) ва №84 (14 далел) тақдим гардид.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 5 январ зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар соли 2021 тасмим гирифта шуд, ки соли 2022 “Соли танзим ва риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” эълон карда шавад.

Дар ин росто дар ҷаласа зикр шуд, ки соли 2021 дар роҳҳои мошингарди пойтахт 242 садамаи нақлиёт сабт шуда, ки бар асари онҳо 33 нафар ҳалок ва 254 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.