Бар асари бархӯрди “Жигули” бо “BMW” дар Суғд 4 узви як хонавода ҳалок шуданд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар роҳи мошингарди Хуҷанд – Мастчоҳ, дар мавзеи шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд қарибиҳои шоми рӯзи душанбе бар асари садамаи нақлиёт чор нафар узви як оила ҳалок шуданд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, автомашинаи тамғаи “ВАЗ-Жигули” зери идораи сокини 36-солаи деҳаи Қизилтеппаи ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ҳаракат аз Хуҷанд ба самти ноҳияи Мастчоҳ бо автомашинаи тамғаи “BMW” таҳти идораи сокини 31-солаи шаҳри Хуҷанд бармехӯрад.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи садамаи нақлиёт ронанда ва се мусофири “Жигули” дар ҷойи ҳодмиса ба ҳалокат расиданд, ки ҳамаашон узви як хонаводаанд”, – таъкид месозад Кумита.

Ба иттилои манбаъ, имдодгарони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсус ҷасади ҳалокшудагонро аз дохили мошин берун оварда, барои ташхис ба сохторҳои дахлдор супурданд.

“Ронанда ва мусофири мошини тамғаи «BMW» бо ҷароҳатҳо ба бемористон интиқол дода шуданд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ин садамаи марговарро таҳқиқ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...