Бар асари бархӯрди “Жигули” бо “BMW” дар Суғд 4 узви як хонавода ҳалок шуданд

Дар роҳи мошингарди Хуҷанд – Мастчоҳ, дар мавзеи шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд қарибиҳои шоми рӯзи душанбе бар асари садамаи нақлиёт чор нафар узви як оила ҳалок шуданд. Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, автомашинаи тамғаи “ВАЗ-Жигули” зери идораи сокини 36-солаи деҳаи Қизилтеппаи ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров […]

Дар роҳи мошингарди Хуҷанд – Мастчоҳ, дар мавзеи шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд қарибиҳои шоми рӯзи душанбе бар асари садамаи нақлиёт чор нафар узви як оила ҳалок шуданд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, автомашинаи тамғаи “ВАЗ-Жигули” зери идораи сокини 36-солаи деҳаи Қизилтеппаи ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ҳаракат аз Хуҷанд ба самти ноҳияи Мастчоҳ бо автомашинаи тамғаи “BMW” таҳти идораи сокини 31-солаи шаҳри Хуҷанд бармехӯрад.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи садамаи нақлиёт ронанда ва се мусофири “Жигули” дар ҷойи ҳодмиса ба ҳалокат расиданд, ки ҳамаашон узви як хонаводаанд”, – таъкид месозад Кумита.

Ба иттилои манбаъ, имдодгарони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсус ҷасади ҳалокшудагонро аз дохили мошин берун оварда, барои ташхис ба сохторҳои дахлдор супурданд.

“Ронанда ва мусофири мошини тамғаи «BMW» бо ҷароҳатҳо ба бемористон интиқол дода шуданд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ин садамаи марговарро таҳқиқ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.