Марзбон ва ҳамммаслаки ӯ, ки дар сарҳад бо Ӯзбекистон “ҳақ” мегирифтанд, авф шуданд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Хизматчии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Ҳасан Ҳидоятов ва ҳаммаслаки ӯ, ки аз шаҳрвандон ҳангоми гузаштани сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон “ҳақ” (доля) мегирифтанд, авф шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ.

“Ӯ дар давраи фаъолияташ дидаю дониста аз он, ки хуруҷ ва вуруди сарҳади давлатии Тоҷикистон ройгон буда, барои гузаштани он пардохти маблағ пешбинӣ нашудааст, шахсан худаш ба воситаи шаҳрванд Муҳаммадҷон Ҷӯраев аз шаҳрвандон барои гузаштан аз сарҳади давлатии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон маблағи муайяне талаб карда мегирифт”, – омадааст дар хабари Агентӣ.

Ҳидоятов аз ҷониби кормнадони Агентӣ дар гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ” (шаҳри Турсунзода) ҳангоми гирифтани 3 ҳазор сомонӣ бо далели шайъӣ дастгир шуд.

Нисбати Ҳасан Ҳидоятов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) ва нисбати Муҳаммадҷон Ҷӯраев бо моддаҳои 247, 319 ва 36 (Навъҳои иштирок дар ҷиноят)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвнадаи ҷиноятӣ боз шуд.

Дар робита ба мавриди амал қарор гирифтани қонун “Дар бораи авф” парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шахсони зикргардида қатъ шуд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Бомдод” бо истинод ба манбаъҳои худ дар бораи далели дигари боздошти афсари Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод дар гузаргоҳи сарҳадии Саразм дар марзи шаҳри Панҷакент бо ноҳияи Ургути  вилояти Самарқанди Ӯзбекистон ба гумони порагирӣ иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, афсари қисми низомии 0203-и қӯшунҳои сарҳадии КДАМ рӯзи ҷумъа, 21 январ ҳангоми аз шаҳрвандон гирифтани пора барои “иҷозат додан ба убури сарҳад”, яъне “доля”, дастгир шудааст.

“Бомдод” менависад, гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппа – Саразм  яке аз гузаргоҳҳои умда дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон буда, ба гуфтаи корафтодагон, масъулони ин гузаргоҳ, аз ҳар нафаре, ки ба Ӯзбекистон меравад, “ҳақ” талаб мекарданд. Ба истиснои шаҳрвандони Русия ва хориҷиён.

Ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки аз сохторҳои марбута дар ин бора маълумот дарёфт кунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...