Сафорати Тоҷикистон аз мақомоти Русия хост қатли ронандаи тоҷикро одилона таҳқиқ кунанд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, куштори бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон Эмомалӣ Давлатови 26-соларо, ки 23 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ба вуқуъ пайвастааст, мавриди пайгирию назорат қарор дод. Тавре ки дар саҳифаи намояндагии дипломатӣ дар Facebook иттилоъ дода мешавад, сафорат ҷиҳати мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодисаи мазкур, ба мақомоти дахлдори кишвари иқомат ёддошти расмӣ ирсол намуд. […]

Нигина Аслонова, Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, куштори бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон Эмомалӣ Давлатови 26-соларо, ки 23 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург ба вуқуъ пайвастааст, мавриди пайгирию назорат қарор дод.

Тавре ки дар саҳифаи намояндагии дипломатӣ дар Facebook иттилоъ дода мешавад, сафорат ҷиҳати мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодисаи мазкур, ба мақомоти дахлдори кишвари иқомат ёддошти расмӣ ирсол намуд.

Гуфта мешавад, ҳодисаи нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон рухдода мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дошта, ҷиҳати гузаронидани тафтишоти одилона аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия то ниҳояти ҳалли он дар доираи қонунгузорӣ саъю талош анҷом дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ҷасади таксирони тоҷик бо гулӯи бурида ва захмҳои зиёди корд дар қаламрави фурудгоҳи Пулково дар Санкт-Петербург дарёфт шуд. Дар ин бора ВАО-и Русия хабар доданд.

Ҷасади мард дар дохили автомашинаи “Фольксваген Поло”, ки ба яке аз ширкатҳои шаҳр тааллуқ дошту  дар қаламрави фурудгоҳ буд, дарёфт шуд.

Дар кадрҳои камераҳои навори видеоӣ сабт шудааст, ки то куштор дар автомашина чор нафар қарор доштаанд. Тибқи маълуомти пешакӣ, таксирон се нафар мусофиронро ба фурудгоҳ овардааст. Дар мошин байни онҳо муноқиша сар зада, ба куштор меанҷомад. Дар дохили мошин корд пайдо шудааст.

Дар робита ба ин ҳодиса Кумитаи тафтишоти Русия мутобиқи моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Русия (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Тоҷикистонии кушташуда як моҳ пеш бо мақсади дарёфти кор барои таъмини рӯзгораш ба Русия омада буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.