Дастоварди пасоэътирозӣ? Дар Қазоқистон Конститутсия ва қонунин интихоботро тағйир медиҳанд

Гуруҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон, ки ба ҳайати он соҳибкорон, ҳуқуқшиносон, донишмандон ва омӯзгорон шомиланд, 24 январ аз таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятие бо номи "Ҳаракат барои дастгирии Ҷумҳурӣ" хабар доданд. Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад Дар изҳороти гуруҳи ташаббускор, аз ҷумла гуфта шудааст, "ҳаракат низоми худкомаеро, ки Нурсултон […]

Asia-Plus

Гуруҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон, ки ба ҳайати он соҳибкорон, ҳуқуқшиносон, донишмандон ва омӯзгорон шомиланд, 24 январ аз таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятие бо номи "Ҳаракат барои дастгирии Ҷумҳурӣ" хабар доданд. Дар ин бора Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад

Дар изҳороти гуруҳи ташаббускор, аз ҷумла гуфта шудааст, "ҳаракат низоми худкомаеро, ки Нурсултон Назарбоев сохтааст, қабул надорад ва барои шикастани ин низом талош хоҳад кард". Матни изҳоротро дар нишасти хабарӣ аз номи ҳаракат раиси шӯрои "Пажӯҳишгоҳи волоияти ҳуқуқ" Азамат Тулеуов қироат кард.

Яке аз аъзои дигари ҳаракат, ҳуқуқшинос ва омӯзгор Нурлан Искалиев гуфтааст, ки бояд механизми роҳ ёфтани як қисми фаъоли ҷомеа дар идораи давлатро таҳия кард. Ба гуфтаи ӯ, низоми давлатдорӣ давоми чандин сол дар ихтиёри як шахс буд ва ҳоло фурсате пеш омадааст.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ҳаракат мехоҳад, дар робита ба тағйири Конститутсияи Қазоқистон раъйпурсиеро баргузор кунад. Ба гуфтаи Искалиев, Қонуни асосии ин кишвар на бар асоси волоияти қонун, балки бар асоси волоияти ҳуқуқ бояд таҳия шавад. Вай афзуд, ки "саҳифаи иқтисоди домоду ҷиянҳо бояд баста ва бархурд бо дороиҳои давлатӣ бояд бозбинӣ шавад".

"Масъулияти мо аз он иборат аст, ки қонунҳои интихоботиро дар рӯҳияи қонуни нави амалкунанда ба хотири таъмини интихоботи одилона ва шаффоф бояд куллан дигар кунем", – изҳор дошт Тулеуов.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.