Чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал байни занон: Ӯзбекистон – Тоҷикистон – 8:1

Мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби занон дар Душанбе бозии сеюми худро гузаронид. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин вохӯрӣ футболбоззанони тоҷик аз тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 1 бар 8 шикаст хӯрданд. Дар бозии дигар байни дастаҳои Эрон ва […]

Asia-Plus

Мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби занон дар Душанбе бозии сеюми худро гузаронид.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин вохӯрӣ футболбоззанони тоҷик аз тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 1 бар 8 шикаст хӯрданд.

Дар бозии дигар байни дастаҳои Эрон ва Қирғизистон футболбоззанони эронӣ ба дарвозаи ҳарифон даҳ тӯби беҷавоб ворид намуданд.

Ба ин тариқ, баъди се давр мунтахаби Эрон бо касби 9 имтиёзи имконпазир пешсафи ягонаи ҷадвали мусобиқа мебошад. Дастаи Ӯзбекистон бо шаш имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дорад. Дастаҳои Қирғизистону Тоҷикистон ҳар кадоме бо касби якхолӣ дар зинаҳои 3 ва 4-уми ҷадвал қарор доранд.

Бозиҳои марҳилаи дуюми Чемпионати CAFA оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби занон имрӯз, 25 январ баргузор мешаванд. Соати 15:00 бозии байни дастаҳои Эрон ва Қирғизистон оғоз гардида, соати 18:00 мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо ҳам рақобат мекунанд.

Нахустин дар таърих Чемпионати CAFA оид ба футзал байни мунтахабҳои занон дар Душанбе дар ду марҳила ду даврӣ баргузор шуда, ҳар кадоме аз дастаҳо шаш бозӣ мегузаронад.

Дар мусобиқаи ҳамагӣ 12 бозӣ доир мегардад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзи бештари касбкарда муайян карда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.