Вазорати тандурустӣ: Масъалаи додани QR-код зидди COVID-19 байни кишварҳои ИДМ баррасӣ мешавад

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ба шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳол пас аз ваксина гирифтан QR-код намедиҳанд. Масъалаи ҷорӣ намудани низоми QR-кодҳо бори дигар дар доираи ИДМ баррасӣ мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.

Ба гуфтаи вай, доир ба ин масъала бо Русия созишнома омода мешавад, ки охири моҳи январ ба Тоҷикистон фиристода шуда, имзои он дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба нақша гирифта шудааст. Пас аз ин додани QR-кодҳо ба шаҳрвандон оғоз мегардад.

“Айни замон шаҳрвандон метавонанд бидуни монеъа бо маълумотнома (справка) дар бораи эмгузаронӣ аз қаламрави Тоҷикистон берун раванд”, – иброз дошт Наврӯз Ҷаъфаров.

Қобили зикр аст, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ барои ҷорӣ намудани низоми QR-код таҷҳизот дастрас кард.

Қаблан Ҷаъфаров ба “Азия-Плюс” изҳор дошта буд, ки рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон бар асоси пешниҳоди гувоҳнома (сертификат) дар бораи ваксина гирифтан додани QR-код оғоз мешавад.

Ҳоло ҳамаи озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо) дар кишвар ПСР-тести коронавирус гирифта, дар портали «Путешествую без Covid-19» (Бе Covid-19 саёҳат мекунам) кор мекунанд ва бар асоси натиҷаи тест QR-код медиҳанд, ки дар муддати 48 соат амал мекунад.

“Ҳамаи маълумот аз рӯи ин кодҳо ба пойгоҳи низом ворид шуда, баъдан QR-код-ҳо танҳо бар асоси ваксинагирӣ дода мешаванд”, – шарҳ дод Ҷаъфаров.

Этироф накардани ваксингирӣ дар Тоҷикистон ғайриқонунист

Гувоҳномаҳо (сертификатҳо) дар бораи ваксингирӣ, ки дар Тоҷикистон дода шудаанд, баъзан дар Русия эътироф намешаванд. Қаблан як зане, ки бо оилаааш ба Челябинск рафтааст, ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуд.

“Мо ҳама дар Тоҷикистон ваксина гирифта, гувоҳнома дорем, лекин сертификатро дар ин ҷо эътироф намекунанд, зеро дар он барои санҷиш QR-код нест. Ба мо иҷозат намедиҳанд, ки ҳатто ба маҷмааи савдои одӣ ворид шавем. Дар даромадгоҳ посбонон бо дастгоҳи нусхагирӣ (сканирование) истода, ваксина гирифтан ва ҳаққонӣ будани онро месанҷанд, зеро бархе бо ҳуҷҷатҳои дигар нафар даромаданро омӯхтаанд”, – менависад зан.

Аммо, ба гуфтаи Ҷаъфаров, ин ғайриқонунист.

“Русия бояд гувоҳномаҳои ваксингириро дар шаҳрвандони Тоҷикистон эътироф кунад, зеро дар доираи ИДМ – Конвенсияи Минск ва Конвенсияи Кишинёв созишномаи дахлдор мавҷуд аст”, – илова кард намояндаи Вазорати тандурустӣ.

Зимни сафар ба Русия чиҳоро бо худ мебояд гирифт?

Айни замон аз тоҷикистониёне, ки ба Русия парвоз мекунанд, шиносномаи хориҷӣ ва натиҷаи манфии ПСР-тести коронавирус дар шакли QR-код, ки ба замимаи “Путешествую без COVID-19” ворид шудааст, талаб карда мешавад. Бидуни замимаи зикршуда, ки дар телефонатон бояд насб шуда бошад, шумо ба Русия парвоз карда наметавонед.

Дар хотир доштан лозим аст, ки амали ПСР-тест дар Русия 48 соатро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти як қатор ВАО-и Русия, аз 1 феврали соли 2022 дар Русия қонуни ҳукумат дар бора санҷиши ҳатмии QR-кодҳо мавриди амал қарор мегирад, ки далели ваксинагирӣ аз коронавирус ё чанде пеш аз сар гузаронидани бемории сироят аз COVID-19-ро тасдиқ мекунад.

Мусофирони ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ҳам  Русия ва ҳам кишварҳои хориҷӣ бояд QR-код дошта бошанд.

То 1 феврали соли 2022 ба ҷуз QR-код, барои парвоз ПСР-тести манфиро низ истифода бурдан имкон дорад.

Муовини вазири нақлиёти Русия Кирилл Богданов ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, дар назар аст, ки QR-кодҳо дар Русия то 1 июни соли 2022, замоне, ки ба сироятнопазирӣ (иммунитет)-и дастаҷамъӣ ба андозаи 80% расидан пешбинӣ шудааст, ҳатмӣ хоҳад буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...