Поёни тағйироти имрӯз: мансабҳои нави Мавсума Муинӣ, Маҷидӣ ва Маҳмудзодаву Зоҳидзода

Asia-Plus

Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабарҳои тағйироти кадриро таъйид кард ва гуфт кадрҳои навтаъиншударо имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтааст.

Ҳамин тур, тибқи иттилои ин ниҳод Мавсума Муинӣ, раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таъин шудааст, ки то имрӯз ин мансабро Раъно Ҳошимзода дар ихтиёр дошт, ки акнун шаҳрдори Гулистони ин вилоят таъин шуд. 

Ҳамчунин Хадамот аз таъйин шудани Қаюмҷон Маҳмудзода ба вазифаи шаҳрдори шаҳри Истқлоли вилояти Суғд низ хабар дода, хабари раиси ноҳияи Ашт шудани Муҳаммадзода Шуҳрат (Мамадҷонов)-ро низ таъйид кард.

"Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирдадо Зариф ва Зоҳидзода Даврон муовинони Раиси вилояти Суғд ва Маҷидӣ Бахтиёр директори генералии Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канадагии масъулияташ маҳдуди “Апрелевка” дар шаҳри Гулистон таъин шуданд",-хабар медиҳад манбаъ. 

Дар пайи тағйироти кадрии имрӯз, раисони шаҳри Бӯстону ноҳияи Ашти вилояти Суғд ҳам барканор шудаанд. Аммо Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон барканории раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзодаро таъйид накард, ки имрӯз баъзе манбаҳо аз мақом озод шудани ӯро ҳам ба мо тасдиқ карда буданд.

Зариф Мирдадо, раиси акнун собиқи ноҳияи Ашти вилояти Суғд муовини раиси вилояти Суғд дар умури кишоварзӣ таъин шудааст. Ин мақомро то чанде пеш Зариф Нозирӣ ба дӯш доштанд, ки моҳи ноябр раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таъин шуд. Нозирӣ бародарзодаи сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мебошад, ки дар гузаштаи раиси  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам буд.

Аз раиси нави ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода яке аз тоҷирони маъруфи мева дар ин ноҳия ном мербаранд, ки садҳо ҳектор боғ дорад.

Тағйироти кадрӣ, бар пайи ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат, ки рӯзи 20-уми январ сурат гирифта буд, роҳандозӣ шудааст.

Аз ин пештар, имрӯз хабари барканории вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва муовини сарвазири Тоҷикистон дар умури кишоварзӣ таъин шудани ӯ расонаӣ шуд.

Ба ҷойи Зиёзода, муовини аввалаш Саъдӣ Каримзода вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин шуд ва Музафар Мирзозода ба мақоми муовини аввали вазири кишварзӣ расид. 

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар пайи таъини мансабдорони нав, аз ин кадрҳо "риояи ҳатмии талаботи қонунгузории мамлакат, боло гузоштани манфиатҳои миллию давлатӣ аз манфиатҳои дигар, пешгирии амалҳои ғайриқонунии вобаста ба суйиситифода аз мансаби давлатӣ, қобилияти баланди роҳбарию ташкилотчигӣ, мусоидат ба рушди бештари иқтисодию иҷтимоӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ҷиҳати вусъати тадбирҳои бунёдкорию ободонӣ, иртиботи доимӣ бо мардум ва ҳали саривақтии мушкилоти онҳоро талаб кардааст",- хабар медиҳад дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...