Меъморони Душанбе Қасри нави фарҳангро дар пойтахт рӯнамоӣ карданд

Раёсати меъмории Душанбе дар саҳифаи худ дар Facebook суратҳои лоиҳаи ангоравии бинои Қасри фарҳанг дар шаҳри Душанберо нашр кард. Дар бораи ҷузъиёти дигари он маълумот дода намешавад. Барои дарёфти шарҳи масъала “Азия-Плюс” ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт муроҷиат намуд. Кай ва дар куҷо сохта шудани маҷмаа ҳоло маълум нест. “Чӣ қадар аз буҷети давлатӣ […]

Раёсати меъмории Душанбе дар саҳифаи худ дар Facebook суратҳои лоиҳаи ангоравии бинои Қасри фарҳанг дар шаҳри Душанберо нашр кард. Дар бораи ҷузъиёти дигари он маълумот дода намешавад.

Барои дарёфти шарҳи масъала “Азия-Плюс” ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт муроҷиат намуд. Кай ва дар куҷо сохта шудани маҷмаа ҳоло маълум нест.

“Чӣ қадар аз буҷети давлатӣ равона шудани маблағ ба сохтмони иншоот ва кай сохта шудани он низ ҳоло маълум нест”, – гуфт манбаъ.

Тибқи лоиҳаи ангоравӣ, аз берун иншоот дар шакли асбобҳои миллии мусиқии тоҷикӣ: дутор, дойра, таблак оро дода шудааст.

Дар суратҳои лоиҳаи ангоравӣ ҳамчунин дида мешавад, ки дар ошёнаи якум толори калони консертӣ ҷойгир аст.

Дар гирду атрофи бино сохтмони таваққуфгоҳ барои автомашинаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, зери ин маълумот дар гуруҳ аллакай бисёр ақидаҳои сокинони шаҳр пайдо шуданд, ки аз симои Қасри фарҳанги оянда изҳори норозигӣ мекунанд. Онҳо бар ин назаранд, ки фарҳанги Тоҷикистонро танҳо бо асбобҳои мусиқӣ алоқаманд кардан мумкин нест.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.