Сафорати Тоҷикистон ҳалокати 6 тоҷикистониро дар Волгоград тасдиқ кард

Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав ҳалокати 6 шаҳрванди ҷумҳуриро аз бӯи газ дар вилояти Волгогради Русия тасдиқ кард. Дар саҳифаи сафорат дар робита ба ин ҳодиса зикр мешавад, ки сафорат аз ҳодисаи ба ҳалокат расидани 6 нафар шаҳрвандони  Тоҷикистон дар натиҷаи заҳролудшавӣ  аз гази ихроҷшуда дар  ҳудуди вилояти Волгоград дар ҷараён буда, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи […]

Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав ҳалокати 6 шаҳрванди ҷумҳуриро аз бӯи газ дар вилояти Волгогради Русия тасдиқ кард.

Дар саҳифаи сафорат дар робита ба ин ҳодиса зикр мешавад, ки сафорат аз ҳодисаи ба ҳалокат расидани 6 нафар шаҳрвандони  Тоҷикистон дар натиҷаи заҳролудшавӣ  аз гази ихроҷшуда дар  ҳудуди вилояти Волгоград дар ҷараён буда, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бо мақсади пайгириии он дар ҳамкорӣ мебошад.

“Ҳамчунин ҷиҳати пайгирӣ ва мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодисаи мазкур, кормандони сафорат ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд”, – омадааст дар хабари сафорат.

Гуфта мешавад, ҳодисаи нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон рухдода мавриди баррасии ҷиддӣ ва назорат қарор дошта, барои гузаронидани тафтишоти одилона аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия то ниҳояти ҳалли он дар доираи қонунгузорӣ сайю талош анҷом дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ба иттилои ВАО-и Русия, субҳи имрӯз, 26-уми январ ҷасади шаш шаҳрванди Тоҷикистон аз дохили мошине дар яке аз минтақаҳои канории вилояти Волгогради Русия пайдо шуд.

“Шаш шаҳрванди Тоҷикистон дар шароити номаълум шабро дар мошини номувофиқ, бидуни ҳавокашак (вентилятсия)-и кофӣ ва дастрасӣ ба ҳаво (оксиген) дар наздикии деҳаи Рахинка саҳар мекунанд. Субҳ онҳо дар ҳолати мурда пайдо шудаанд”, – хабар дода буд Интрфакс.

Чанде пеш ҷасади як таксирони тоҷик бо гулӯи бурида ва захмҳои зиёди корд дар қаламрави фурудгоҳи Пулково дар Санкт-Петербург дарёфт шуда буд. Ҷасади мард дар дохили автомашинаи “Фольксваген Поло”, ки ба яке аз ширкатҳои шаҳр тааллуқ дошту  дар қаламрави фурудгоҳ буд, дарёфт шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.