Заминдор, сармоядор, тоҷири маъруф ва “одами дасткушод”: раиси нави Аштро бештар бишносед

Asia-Plus

Роҳбари хоҷагии деҳқонии “Рахшона” Шуҳрат Муҳаммадзода (Мамадҷонов), ки садҳо гектар замин дорад раиси нави ноҳияи Ашт таъин шуд. Ӯ ба ҷойи Зариф Мирдадо раиси ноҳия шуд, ки ахирӣ муовини раиси вилояти Суғд дар умури кишварзӣ таъин гардид.

Шуҳрат Муҳаммадзода, ки ҳамакнун раиси нави ноҳияи Ашт таъин шуд, 44 сол дошта, дар деҳоти Ашт таваллуд шудааст.

Сокинони Ашт хабари раиси ноҳия таъин шудани ин тоҷири сарватмандро ба хубӣ истиқбол карда, мегӯянд, ки Муҳаммадзода метавонад аз сармояҳо ва таҷрибаҳояш дар ободонии ноҳия истифода кунад.

Манобеи “Азия-Плюс” аз ҳукумати ноҳияи Ашт мегӯянд, Муҳаммадзода риштаи маркетинги  Донишкадаи иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Ҳамчунин раиси нави Ашт, соли 2020 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистонро бо ихтисоси “идоракуни давлатӣ” хатм кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Шӯҳрат Мамадҷонов соли 2003 соҳибкори инфиродӣ буд ва соли 2009 роҳбари хоҷагии деҳқонии “Шӯҳрат” ва аз апрели 2009 то ҳоло директори ҶДММ ширкати сохтмонии “Рахшона”-ро бар дӯш дорад.

Аз раиси нави Ашт, яке аз соҳибкорони маъруф ва хеле сармоядори ин ноҳия ном мебарад, ки садҳои гектар замини кишоварзии пахта, ду корхонаи коркарди пахта, корхонаи хиштбарорӣ ва хоҷагии калони моҳипарварӣ дорад.

Нуфузи Шуҳрат Муҳаммадзодаро бештар дар расонаҳо дар пайванд ба фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Рахшона” муаррифӣ мекунанд, ки ҳамасола садҳо ҳазор тонна пахта ба “хирмани тиллои сафед”-и Тоҷикистон месупорад.

Муҳаммадзода, ба ҷузъ дар ихтиёр доштани садҳо ҳазор гектар замини кишоварзӣ, ҳамчунин соли 2021 “Маҷмаи 30 солагии Истиқлолият”-ро дар шаҳраки Шайдон (маркази ноҳияи Ашт) бунёд кард, ки дорои маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, тарабхона, бозори калон ва сехҳои дигари истеҳсолӣ мебошад. Автовокзали марказии ноҳияи Аштро низ ба ӯ марбут медонанд.  

Манобеъи “Азия-Плюс” аз Муҳаммадзода як роҳбари сарватманд ном бурда гуфтанд, хайрхоҳу дасткушод аст. Ба ниёзмандону камбизоатҳо, бунёдкорӣ  ва бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ ба мардум кӯмаки моливу моддӣ мерасонидааст.

Сокинони Ашт мегӯянд, ки Муҳаммадзода корҳои бузурге дар заминаи хайру эҳсонкорӣ мекунад.

Муҳаммадзода бо вуҷуди як тоҷир ва соҳибкори маъруф будан, аммо чеҳраи барои расонаҳо дастнорас буд ва зиёд дар расонаҳо ҳузур пайдо намекард. 

Мамадҷонов, ҳамчунин вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд мебошад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...