Аз бархӯрди мошинҳо дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 1 нафар ҳалок шуд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб рӯзи 26 январ соати 15:50 дақиқа автомашинаи боркаши Mercedes Atego бо мошини сабукрави тамғаи Opel Zafira бархӯрда, дар натиҷа 1 нафар ҳалок шуд.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, замони садама дар автомашинаи Opel Zafira ронанда ва 5 нафар мусофирон қарор доштаанд, ки аз Хуҷанд ба Душанбе сафар доштаанд.

Гуфта мешавад, мошини боркаши «Mercedes Atego» аз шаҳри Душанбе ба самти Хуҷанд равона буд. Садама дар дохили айвончаи муҳофизатӣ аз тарма (галерея) дар километри 71-уми роҳ рух додааст.

Гурӯҳи наҷотдиҳандагони навбатдори Кумита, фавран ба ҷойи ҳодиса расида, мусофиронро аз дохили мошини  харобшудаи «Opel Zafira» берун оварданд.

“Ронанда ва мусофирон ҷароҳатҳои сабук бардошта буданд ва имдодгарон ба онҳо ёриҳои аввалини тиббӣ расонданд, – омадааст дар хабари Кумита. – Аммо як нафар аз мусофирон, ки дар паҳлуи ронанда менишаст, бар асари ҷароҳати вазнин дар беморхона аз олам гузашт”.

Зимнан зикр мегардад, ки сабаби ин ҳодисаи нақлиётиро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 28-29 январи соли 2022 дар қаламравӣ ҷумҳурӣ дамои ҳаво поён рафта, борону барф меборад, дар баландкӯҳҳо (болотар аз 2000 м) барфи шадид дар назар дошта шудааст. Аз 29 то 31 январи соли равон дар баъзе ноҳияҳои туман ҳаворо тира мекунад.

Дар роҳҳои мошингарди Душанбе — Айнӣ — Хуҷанд, Душанбе — Сангвор, Ваҳдат – Рашт –Лахш – Қарамиқ, Ш. Шоҳин – Дарвоз, Ванҷ-  Хоруғ — Ишкошим, Хоруғ— Мурғоб ҳавои сард сабаби яхбандӣ мешавад, лағзиши тарма ва резиши санг низ эҳтимол дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...