Мутахассиси хорват сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон шуд

Мутахассиси Хорватия – Петр Сегрти 55-сола ба вафзиаи сармурабии мунтахаби футболи Тоҷикистон тасдиқ шуд. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ӯ дастаро ба мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 8 то 14 июн дар шакли мутамарказ доир мегардад, омода мекунад. Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ, ки имрӯз, 27 январ дар меҳмонхонаи “Хайят Риҷенси […]

Asia-Plus

Мутахассиси Хорватия – Петр Сегрти 55-сола ба вафзиаи сармурабии мунтахаби футболи Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ӯ дастаро ба мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 8 то 14 июн дар шакли мутамарказ доир мегардад, омода мекунад.

Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ, ки имрӯз, 27 январ дар меҳмонхонаи “Хайят Риҷенси Душанбе” доир гардид, чунин тасмим гирифта шудааст.

Пагоҳ, 28 январ дар дафтари кории Федератсияи футбол нишасти матбуотӣ бо иштироки ӯ ба сифати сармураббии тими мунтахаб баргузор мешавад. Нишасти матбуотӣ соати 11:00 оғоз мегардад.

Петр Сегрт соли 1966 дар Хорватия ба дунё омада, аз кӯдакӣ дар Олмон зиндагӣ мекунад. Ба сифати ёвар ва сармураббӣ дар дастаҳои Олмон, Австрия, Индонезия, тими мунтахаби ҷавонони Гурҷистон, , мунтахабҳои Афғонистон ва Малдив кор карда, бо тими Малдив ба дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ-2018 ноил гардидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.