Аз бархӯрди мошинҳо дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 1 нафар ҳалок шуд

Дар роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб рӯзи 26 январ соати 15:50 дақиқа автомашинаи боркаши Mercedes Atego бо мошини сабукрави тамғаи Opel Zafira бархӯрда, дар натиҷа 1 нафар ҳалок шуд. Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, замони садама дар автомашинаи Opel Zafira ронанда ва 5 нафар мусофирон қарор доштаанд, ки аз Хуҷанд ба Душанбе […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб рӯзи 26 январ соати 15:50 дақиқа автомашинаи боркаши Mercedes Atego бо мошини сабукрави тамғаи Opel Zafira бархӯрда, дар натиҷа 1 нафар ҳалок шуд.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, замони садама дар автомашинаи Opel Zafira ронанда ва 5 нафар мусофирон қарор доштаанд, ки аз Хуҷанд ба Душанбе сафар доштаанд.

Гуфта мешавад, мошини боркаши «Mercedes Atego» аз шаҳри Душанбе ба самти Хуҷанд равона буд. Садама дар дохили айвончаи муҳофизатӣ аз тарма (галерея) дар километри 71-уми роҳ рух додааст.

Гурӯҳи наҷотдиҳандагони навбатдори Кумита, фавран ба ҷойи ҳодиса расида, мусофиронро аз дохили мошини  харобшудаи «Opel Zafira» берун оварданд.

“Ронанда ва мусофирон ҷароҳатҳои сабук бардошта буданд ва имдодгарон ба онҳо ёриҳои аввалини тиббӣ расонданд, – омадааст дар хабари Кумита. – Аммо як нафар аз мусофирон, ки дар паҳлуи ронанда менишаст, бар асари ҷароҳати вазнин дар беморхона аз олам гузашт”.

Зимнан зикр мегардад, ки сабаби ин ҳодисаи нақлиётиро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 28-29 январи соли 2022 дар қаламравӣ ҷумҳурӣ дамои ҳаво поён рафта, борону барф меборад, дар баландкӯҳҳо (болотар аз 2000 м) барфи шадид дар назар дошта шудааст. Аз 29 то 31 январи соли равон дар баъзе ноҳияҳои туман ҳаворо тира мекунад.

Дар роҳҳои мошингарди Душанбе — Айнӣ — Хуҷанд, Душанбе — Сангвор, Ваҳдат – Рашт –Лахш – Қарамиқ, Ш. Шоҳин – Дарвоз, Ванҷ-  Хоруғ — Ишкошим, Хоруғ— Мурғоб ҳавои сард сабаби яхбандӣ мешавад, лағзиши тарма ва резиши санг низ эҳтимол дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.