Ҳалокати бостоншиноси ҷавон ва мудири кафедраи Донишгоҳи славянӣ дар як садамаи нақлиётӣ

Asia-Plus

Фарҳод Раззоқов, бостоншиноси ҷавони тоҷик ва мудири кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия бар пайя як сдамақи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.

Ин ҳодиса, дирӯз, 30-юми январ иттифоқ афтодааст. Маросими ҷанозаи ӯ, имрӯз дар зодгоҳаш деҳаи Марғедари шаҳри Панҷакент баргузор мешавад. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар як хабарнома ин садамаи нақлиётиро хеле мудҳиш ёд карда, гуфтааст, ки ҳангоми ҳаракат дар қисмати километи 78-уми роҳи Аёнӣ-Панҷакент, ҳангоми ҳаракат аз маркази Панҷакент ба самти ноҳияи Айнӣ мошини «Mercedes-Benz» ба чуқурии 300 метр сарозер шудааст.

Фарҳод Раззоқов, фарзанди бостоншиноси шинохтаи тоҷик Абдурауф Раззоқов буд, ки дар кишварҳои Олмону Русия омӯзиш дида буд.

Ӯ номзади илмҳои таърих буд, ки рисолаи номзадияшро чанд сол пеш дар Санкт-Петербурги Русия дифоъ карда буд. Раззоқов яке аз бостоншиноси маъруфи кишвар дар доираҳои илмии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар эътироф мешуд.

Фарҳод Роззоқов 8 моҳ дар Бритониё  қарор дошт ва ҳамагӣ чанд рӯз пеш ба Тоҷикистон баргашта буд ва бо нияти дидани хонавода ва фарзандонаш ба Панҷакент сафар дошт, ки дар роҳ дучори садама шуд. 

Бархе аз ҳамтоёнаш саҳми ин донишманди ҷавонро дар ковишҳову ҳафриёти бостоншиносӣ дар пойгоҳи бостоншиносии Саразм назаррас арзёбӣ мекунанд.

Хуршед Фозилов, хабарнигори маҳаллӣ дар Фейсбук навиштааст, ки "мудири пойгоҳи бостоншиносии Саразм Норинисо Худоёрова, марги нобаҳангоми Фарҳод Раззоқовро як талафоти бузург дар илми бостоншиносӣ арзёбӣ кард".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...