Вазир ба ҳар шоиставу ношоиста додани унвони “аълочии фарҳанг”-ро рад кард

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода нафаронеро, ки аз ҷониби ин ниҳод ҳамасола ба унвони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” шарфёб мешаванд, сазовор донист ва гуфт як қисми онҳо барои ширкат дар чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, аз ҷумла озмунҳо сазовори ин унвон мегарданд. Ӯ субҳи имрӯз, 31 январ дар нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш дар посух ба соули хабарнигорон дар […]

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода нафаронеро, ки аз ҷониби ин ниҳод ҳамасола ба унвони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” шарфёб мешаванд, сазовор донист ва гуфт як қисми онҳо барои ширкат дар чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, аз ҷумла озмунҳо сазовори ин унвон мегарданд.

Ӯ субҳи имрӯз, 31 январ дар нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш дар посух ба соули хабарнигорон дар мавриди меъёри тақдими унвони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” посух дод, ки ин пеш аз ҳама мувофиқакунони бо низомномаи унвон аст.

Давлатзода гуфт, дар соли 2021 беш аз 50 нафар ба ин унвон шарафёб шуданд ва ҳамаи онҳо шахсиятҳое буданд, ки дар ҳақиқат дар 30 – соли итиқлолият ва зиёда аз он  дар ин самт фаъолият карданд, ин заҳмату талоши онҳоро ба назар гирифта, мо сазовор донистем, ки онҳо ба нишонҳои сарисинагии “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” шарафёб шаванд.

Ӯ гуфт, яке аз меъёрҳои дигари ин унвон ширкат дар чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла озмунҳое ки давоми чанд сол аст, баргузор мегардад, мебошад.

Зулфия Давлатзода гуфт, ҳамаи онҳое ки ба ин унвон шарафёб гардиданд, тибқи низомномаи муқараршуда сазовор мебошанд.

Масъалаи гирифтани унвони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” ҳамеша баҳсбарангез аст ва бархеҳо мегӯянд, ҳамасола ба ин унвон нафароне шарафёб мешаванд, ки барои  рушди фарҳанг коре накарданд ё сазовори он нестанд. Онҳо мегӯянд, меъёри ин унвон  таблиғи густурда ва дифоъ аз тасмимгириҳои фарҳангии Вазорати фарҳанг аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.