Хадамоти алоқа дар бораи беинтернетии Бадахшон: “Техникаи иттилоотие, ки бар зарари Тоҷикистон аст, барои мо даркор нест”

Хадамоти алоқи Тоҷикистон далели пас аз ҳаводиси эътирозии 25-28-уми ноябри соли гузашта қатъ шудани интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро шарҳ дод ва гуфт, ки техникаи иттилоотӣ ва комунникатсионие, ки бар зарари Тоҷикистон равона шуда бошад барои мо даркор нест.  Ин нуктаро Илҳом Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқа, дар нишасти матбуотии имрӯзи ин ниҳод изҳор […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Хадамоти алоқи Тоҷикистон далели пас аз ҳаводиси эътирозии 25-28-уми ноябри соли гузашта қатъ шудани интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро шарҳ дод ва гуфт, ки техникаи иттилоотӣ ва комунникатсионие, ки бар зарари Тоҷикистон равона шуда бошад барои мо даркор нест. 

Ин нуктаро Илҳом Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқа, дар нишасти матбуотии имрӯзи ин ниҳод изҳор кард ва гуфт, ки дар тамоми кишвар алоқаи мобилӣ тибқи талаботи ҳам милливу байналмилалӣ кор карда истодааст. 

Аттоев бори дигар сабаби қатъ кардани интернет дар ВМКБ-ро ба омилҳои сиёсӣ ва амниятӣ рабт дод ва гуфт, ки баъзе доираҳо мехоҳанд, аз интернет барои вайрон кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон истфода баранд, барои ҳамин мо тибқи қонунгузорӣ, ҷиҳати таъмин намудани амнияти давлат ва шаҳрвандон интернетро дар ин минта қатъ кардем.

– Техникаи иттилотӣ ва коммуникатсионие, ки барои зарари Тоҷикистон ва минтақа равон карда шудааст, барои мо даркор нест.  Баҳри таъмини амнияти шахс, ҷамъият, ки давлат кафолат медиҳад, мо тамоми қувваву системае, ки дорем сафарбар мекунем ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ватанӣ кор ва фаъолият мекунем. Ин вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванд аст,-изҳорот дод Атоев.

Ба назари Атоев интернет дар ВМКБ дар стандартӣ 3G фаъол асту кор мекунад, ба истиснои баъзе минтақаҳо. Аммо мушаххасн нагуфт, ки кадом минтақаҳо.

Ин изҳороти Атоев дар ҳолест, ки ҳоло дар ВМКБ баъди ҳаводиси 25-28-уми ноябри соли гузашта интернети мобилӣ комилан дастнорас аст ва фаъол нест. Танҳои интернети кабелӣ фаъол аст, ки он ҳам барои идораҳои давлатӣ ва бонкҳову созмонҳои байналмилалии муқими минтақа дастрас мебошаду халос. 

Дар посух ба суоли далелҳои беинтрнетӣ дар Бадахшон, ҳамчунин Атоев ба хабарнигорон гуфт, ки ҳамаатон беҳтар медонед, ки иттилоот ба василаи рақами яки таъсирбахш, нуфуздор табдил ёфтаааст ва ифротгароии иттилоотӣ, ҳамчун навъи хизматрасонии электронӣ, акнун неру мегираду терроризми иттилоотӣ шакли таъсиррасонии номатлуб ба шахсият, ҷомеа ва давлат бо кӯмаки тамоми намудҳои иттилоот мебошад.

Ҳарчанд Атоев аз гуруҳҳои мушаххасе ном набурд, вале гуфт ин гуруҳҳо аст расонаҳои ватаниву хориҷӣ истифода мекунанд ва бо хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ ҳамкор ҳастанд.

"Ҳадафи асосӣ вайрон кардани сохти конститутсионӣ мебошад. Бо ин мақсад онҳо неруҳо ва воситаҳои гуногуни хадамоти махсуси хориҷӣ ва  воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷиро ҷалб менамоянд. Мисли ҳама гуна энергия ё қувва иттилоот метавонад ҳам эҷодӣ ва ҳам харобкунанда бошад. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, дар асоси қонуни "Алоқаи барқӣ", моддаҳои 33-ю 34, мо вазифадор ҳастем, ки таъмини амнияти иттилоотӣ барои шаҳрванд, ҷамъият ва давлат таъмин намоем. Барои ҳамин, дар баъзе минтқаҳао, баъзе стандартҳои интернетӣ, тибқи талаботи байналмилалӣ фаъолият намекунанд",-гуфт Атоев.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, пас аз қатли амалиёти боздошт ва кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, як сокини ноҳияи Роштақалъа, ки мақомоти ӯро дар содир кардани ҷанд ҷиноят муттаҳам медонист ва бар пайи он сар задани эътирозҳои серӯзаи 25-28-уми ноябр, интернет қатъ карда шуд. 

Бо гузашти чанд рӯз аз ин ҳаводис, танҳо барои чанд рӯзе интернети мобилии як ширкат дар баъзе манотиқи ин вилоят, аз ҷумла ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Мурғоб фаъол шуду дигарбора он ҳам қатъ карда шуд.
Сокинони вилоят ва бархе аз созмонҳои ҳомии ҳифзи ҳуқуқ дастнорас будани интернет дар вилоятро нақзи ошкорои ҳуқуқи шаҳрвандон медонанд ва за мақомот талаб мекунанд, ки он дубора таъмин шавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.