Медали биринҷии Комроншоҳ дар Гран-прии Португалия

Паҳлавони шинохтаи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар аввалин мусобиқаи ҷудои соли 2022 – “Grand Prix Portugal 2022” сазовори медали биринҷӣ шуд. Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин мусобиқаи байналмилалӣ 28-30 январ дар шаҳри Алмадаи Португал доир гашт. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар аввалин мусобиқаи сол 301 варзишгар (179 мард, […]

Паҳлавони шинохтаи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар аввалин мусобиқаи ҷудои соли 2022 – “Grand Prix Portugal 2022” сазовори медали биринҷӣ шуд.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин мусобиқаи байналмилалӣ 28-30 январ дар шаҳри Алмадаи Португал доир гашт.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар аввалин мусобиқаи сол 301 варзишгар (179 мард, 122 зан) аз 41 давлат ширкат карданд.

Пас аз пирӯзиҳо дар қувваозмоӣ бо Достон Майлиев (Ӯзбекистон) ва Артем Бубуир (Украина) Комроншоҳ дар даври ниманиҳоӣ сабқатро ба ҷудокори маъруфи итолиёӣ Кристиан Парлатӣ бохт.

Барои ба даст овардани биринҷӣ Комроншоҳи Устопириён Имеда Гоголадзеи гурҷистониро шикаст дод.

Зикр мегардад, ки ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд: ҷои аввал – 3 ҳазор евро, ҷои дуюм – 2 ҳазор евро, ду ҷои сеюм – 1 ҳазор евроӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.