20 сол зиндон шудани як мард барои таҷовузи духтари ноболиғи бародараш дар Ҳисор

admin

Додгоҳи Олӣ як сокини ноҳияи Ҳисорро бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғи бародараш ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон дар як хабарнома хабар медиҳад. 

Додситонӣ аз ин мард Нозирҷон Саминов, сокини ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор ном бурда, гуфтааст, ки алайҳи ӯ бо моддаи138, қисми 3, банди “а” -и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда буд.

Ин ҳодиса аз сӯйи додситонии шаҳри Ҳисор таҳқиқ шуда, ҳукмро додгоҳи Олӣ содир кардааст.

Дар хабарнома мешавад, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии додгоҳӣ муайян карда шудааст, ки «Нозимҷон Саминов, санаи 21 сентябри соли 2021 тахминан соати 17:30 дақиқа дар ҳолати мастӣ, дар манзили истиқоматиаш, духтари ноболиғи бародараш “С”-ро, ки падару модараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафта, фарзанди ноболиғашонро таҳти парастории ӯ гузошта буданд, аз ҳолати оҷизии ноболиғ истифода намуда, ӯро ба ҳуҷраи хобаш дароварда, маҷбуран бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намудааст».

Саминов, акнун бар асоси ҳукми Додгоҳи Олӣ 20 солро дар зиндони дорои низоми шадид пушти сар мекунад. Тафсилоти дигари ин қазия ҳоло барои расонаҳо дастрас нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...