20 сол зиндон шудани як мард барои таҷовузи духтари ноболиғи бародараш дар Ҳисор

Додгоҳи Олӣ як сокини ноҳияи Ҳисорро бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғи бародараш ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон дар як хабарнома хабар медиҳад.  Додситонӣ аз ин мард Нозирҷон Саминов, сокини ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор ном бурда, гуфтааст, ки алайҳи ӯ бо моддаи138, қисми 3, банди “а” -и Кодекси […]

Додгоҳи Олӣ як сокини ноҳияи Ҳисорро бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғи бародараш ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон дар як хабарнома хабар медиҳад. 

Додситонӣ аз ин мард Нозирҷон Саминов, сокини ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор ном бурда, гуфтааст, ки алайҳи ӯ бо моддаи138, қисми 3, банди “а” -и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда буд.

Ин ҳодиса аз сӯйи додситонии шаҳри Ҳисор таҳқиқ шуда, ҳукмро додгоҳи Олӣ содир кардааст.

Дар хабарнома мешавад, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии додгоҳӣ муайян карда шудааст, ки «Нозимҷон Саминов, санаи 21 сентябри соли 2021 тахминан соати 17:30 дақиқа дар ҳолати мастӣ, дар манзили истиқоматиаш, духтари ноболиғи бародараш “С”-ро, ки падару модараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафта, фарзанди ноболиғашонро таҳти парастории ӯ гузошта буданд, аз ҳолати оҷизии ноболиғ истифода намуда, ӯро ба ҳуҷраи хобаш дароварда, маҷбуран бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намудааст».

Саминов, акнун бар асоси ҳукми Додгоҳи Олӣ 20 солро дар зиндони дорои низоми шадид пушти сар мекунад. Тафсилоти дигари ин қазия ҳоло барои расонаҳо дастрас нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.