Пеш аз пода чанг нахезонед: муҳлати сабти дубораи симкортҳо тамдид мешавад?

Мусои Бобоҳоҷӣ, Нигина Аслонова, Asia-Plus

Муҳлати сабти дубораи симкортҳо бо шиносномаҳои нав (ID-шиносномаҳо) 15 феврали соли равон ба поён мерасад. Дар бораи дароз шудан ё нашудани муҳлати он дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон посухи мушаххас надоданд.

“Мақоли халқиеро бароятон мисол меорам: “Пеш аз поа чанг нахезонед”. Ба мардум имкон диҳед, ки дар марказҳои хидматрасонӣ SIM-кортҳояшонро дубора ба қайд гузоранд. То 15 феврал вақт дорем ва мо бояд аз сабти дубора гузарем. Дар шаҳру навоҳӣ зиёда аз 500 нуқтаҳои хидматрасонӣ фаъолият доранд, ки бепул симкортҳоро дубора сабтином мекунанд”, – изҳор дошт ба рӯзноманигорон имрӯз, 31 январ муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев.

Тибқи маълуомти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, теъдоди умумии корбарони шабакаи умумиҷаҳонии Интернет дар ҷумҳурӣ 4,2 млн нафарро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз дар Тоҷикистон 5 млн 416 ҳазор симкортҳое, ки бо ID-шиносномаҳо дубора сабтином шудаанд, ба қайд гирифта шуда, 2 млн 412 ҳазору 465 нафар корбарони симкортҳо ҳоло ҳам дар марҳилаи сабти дубора бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 қарор доранд. Аз симкортҳое, ки то ҳанӯз дубора сабтином шудаанд, 1,8 млн симкорт фаъоланд.

Ғайр аз ин, ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд, ки шумори умумии муштариёни хатҳои алоқаи маҳаллии телефон 273 ҳазору 159 нафарро ташкил медиҳад, ки 39 ҳазору 475 нафарашон корбарони фаъол мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон бо қарори махсус операторои алоқаи мобилии кишварро уҳдадор кард, ки то 15 августи ҳамон сол симкортҳои муштариёнро бо шиносномаҳои коғазии намунаи соли 1999 бо кортҳои идентификатсионӣ (ID-шиносномаҳо)-и намунаи соли 2014 дубора ба қайд гирад. Дар ҳамин ҳол лимит ҷорӣ шуда буд: бо як шиноснома на зиёдтар аз ду симкорт сабтином мешавад.

Лекин мақомот базудӣ фаҳмиданд, ки ивази шиноснома ва дубора сабтином кардани ин миқдор муштариён дар муҳлати кӯтоҳ ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, муҳлати сабти дубора то 15 феврали соли 2020 дароз карда шуд.

Аммо ним соли иловагӣ ва он ҳам дар шароити пандемияи коронавирус ҳеҷ натиҷаи дилхоҳ надод.

Ба ҳукумат лозим омад, ки муҳлати сабти дубораро боз то 15 феврали соли 2022 дароз кунад.

Қаблан “Азия-Плюс” ҳисоб кард, ки агар ин дафъа ҳам симкортҳо пурра дубора сабтином нашаванд, зиёда аз 2 млн нафар тоҷикистониён бе алоқаи мобилӣ монда монда метавонанд ва ин ба талафоти буҷет ба маблағи ҳудуди 500 млн сомонӣ боис шуда метавонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...