Ширкати барқи “Бришно”-и Афғонистон аз Тоҷикистон $33 миллион қарздор будааст

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ширкати барқи "Бришно"-и Афғонистон аз ширкати "Барқи тоҷик" 33 миллион доллари амрикоӣ қарздор будааст. Ин нуктаро имрӯз раиси ширкати "Барқи тоҷик" Маҳмадумар Асозода дар нишасти хабарии Вазорати энергетикаи Тоҷикистон зикр кард.

Ширкати "Бришно" ваъда кардааст, ки дар моҳи феврал тамоми қарзашро пардохт мекунад.

"Дар моҳи январ ширкати "Бришно" 2 млн қарзашро ба Тоҷикистон баргардонид. Масъулинаш дирӯз зимни суҳбат ваъда карданд ки то охири ҳафта 2 млн доллари дигар маблағи қарзро пардохт мекунанд ва ҳамин тариқ, давоми моҳи феврал ҳамаи қарзро ба Тоҷикистон бармегардонанд", – гуфт раиси ширкати "Барқи тоҷик".

Асозода гуфт, ки сабаби кам баргардонидани қарз ин монеа шудан дар амалиётҳои бонкии Афғонистон аст. Яъне бонкҳои ин кишвар ба ширкати "Бришно" лимит мондаанд ки дар як ҳафта  ҳамагӣ 2 млн доллар қарзҳояшро ба кишварҳои қарздор бармегардонад. Ба ин тартиб,  кай навбати Тоҷикистон меояд, ба амалиётҳои бонкии Афғонистон вобаста аст",-гуфт раиси "Барқи тоҷик"

Қарздории Афғонистон аз пули барқ аз Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар ҳамин нишаст Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об гуфт, ки Тоҷикистон дар соли 2021 ба Афғонистону Ӯзбекистон 871,6 миллион сомонӣ барқ фурӯхтааст.

"Неруи барқ асосан ба Афғонистон 1 млрд 213,1 млн. кВт. соат ба маблағи 612,2 млн. сомонӣ ва ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 1 млрд. 145,7 млн. кВт. соат ба маблағи 259,4 млн. сомонӣ содирот карда шуд", – гуфт Далер Ҷумъа.

Вазир таъкид кард, ки "содироти неруи барқ ба ин кишварҳо асосан дар моҳҳои серобӣ (май-сентябри соли 2021) зиёд буда, аз ҷумла дар ин моҳҳо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 1 млрд. 073 млн.459 ҳазор кВт.соат, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 1 млрд. 153 млн.966 ҳазор кВт. соатро ташкил дод".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...