Ширкати барқи “Бришно”-и Афғонистон аз Тоҷикистон $33 миллион қарздор будааст

Ширкати барқи "Бришно"-и Афғонистон аз ширкати "Барқи тоҷик" 33 миллион доллари амрикоӣ қарздор будааст. Ин нуктаро имрӯз раиси ширкати "Барқи тоҷик" Маҳмадумар Асозода дар нишасти хабарии Вазорати энергетикаи Тоҷикистон зикр кард. Ширкати "Бришно" ваъда кардааст, ки дар моҳи феврал тамоми қарзашро пардохт мекунад. "Дар моҳи январ ширкати "Бришно" 2 млн қарзашро ба Тоҷикистон баргардонид. Масъулинаш дирӯз […]

Ширкати барқи "Бришно"-и Афғонистон аз ширкати "Барқи тоҷик" 33 миллион доллари амрикоӣ қарздор будааст. Ин нуктаро имрӯз раиси ширкати "Барқи тоҷик" Маҳмадумар Асозода дар нишасти хабарии Вазорати энергетикаи Тоҷикистон зикр кард.

Ширкати "Бришно" ваъда кардааст, ки дар моҳи феврал тамоми қарзашро пардохт мекунад.

"Дар моҳи январ ширкати "Бришно" 2 млн қарзашро ба Тоҷикистон баргардонид. Масъулинаш дирӯз зимни суҳбат ваъда карданд ки то охири ҳафта 2 млн доллари дигар маблағи қарзро пардохт мекунанд ва ҳамин тариқ, давоми моҳи феврал ҳамаи қарзро ба Тоҷикистон бармегардонанд", – гуфт раиси ширкати "Барқи тоҷик".

Асозода гуфт, ки сабаби кам баргардонидани қарз ин монеа шудан дар амалиётҳои бонкии Афғонистон аст. Яъне бонкҳои ин кишвар ба ширкати "Бришно" лимит мондаанд ки дар як ҳафта  ҳамагӣ 2 млн доллар қарзҳояшро ба кишварҳои қарздор бармегардонад. Ба ин тартиб,  кай навбати Тоҷикистон меояд, ба амалиётҳои бонкии Афғонистон вобаста аст",-гуфт раиси "Барқи тоҷик"

Қарздории Афғонистон аз пули барқ аз Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар ҳамин нишаст Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об гуфт, ки Тоҷикистон дар соли 2021 ба Афғонистону Ӯзбекистон 871,6 миллион сомонӣ барқ фурӯхтааст.

"Неруи барқ асосан ба Афғонистон 1 млрд 213,1 млн. кВт. соат ба маблағи 612,2 млн. сомонӣ ва ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 1 млрд. 145,7 млн. кВт. соат ба маблағи 259,4 млн. сомонӣ содирот карда шуд", – гуфт Далер Ҷумъа.

Вазир таъкид кард, ки "содироти неруи барқ ба ин кишварҳо асосан дар моҳҳои серобӣ (май-сентябри соли 2021) зиёд буда, аз ҷумла дар ин моҳҳо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 1 млрд. 073 млн.459 ҳазор кВт.соат, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 1 млрд. 153 млн.966 ҳазор кВт. соатро ташкил дод".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.