Воқеияти куштани ду сокини Исфара аз забони пайвандон: пойи яке париду дигареро сари “рул” куштанд

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Тасвири ҷасади оғӯшта ба хуни ду сокини кушташудани муноқишаи хунини шаби 27-уми январ дар марзи Исфара бо Қирғизистон барои пайвандонашон хотироти бадеро боқӣ гузошт. Дар ин муноқиша як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар руйи ҳавлияш ва ронандаи мошини “Ёрии таъҷилӣ”-и Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ аз партоби гулӯлаи неруҳои Қирғизистон кушта шуданд.

Ҷасади Обидҷон Туйчиев, сокини 58-солаи деҳаи Хоҷаи Аълоро пайвандонаш шаби 27-уми январ дар саҳни ҳавлияш оғӯшта ба хун дарёфтанд. Ин сокини Исфара ва ба гуфти пайвандонаш шаҳиди ватанро рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар оромгоҳи “Боғи сабз”-и ҷамоати Чоркӯҳ ба хок супориданд. Ӯ соҳиби панҷ фарзанд буд, ки рӯзгори онҳоро бо кори деҳқонӣ пеш мебурд.

Манзараи ваҳшатноки даргирии хунини шаби 27-уми январро аз таркиши гулӯла (снаряд) ва тасвири садҳо пораҳои дар дару девор боқимондаи он пай бурдан мумкин аст. Рӯзи ҷумъа, вақте мо ба хонаи Обидҷон Тӯйчиев рафтем, пайвандонаш мотам доштанд. 

Наҷибулло Сафаров, домоди Обидҷон Туйчиев мегӯяд, шаби 27-уми январ ду гулӯла ба саҳни ҳавлии падарарӯсаш афтод ва дар натиҷаи таркиши яке ӯ зери девори хонааш ҷон бохт.

Вай ба “Азия-Плюс” гуфт, дар аввал ҷасади оғӯшта ба хуни Обидҷон Тӯйчиевро пайвандонаш нашинохтанд.

“Ин ҳодиса, тахминан соати 20:00-и шабона рух дод. Барқ хомӯш, ҳама ҷо торик буд. Бо равшанидиҳандаи телефон дидам, ки касе дар зери девори хона, дар роҳрав хоб аст. Дар аввал нашинохтем, ҷанг идома мекард, мо пинҳон шудем ва духтурону кормандони МЧС-ро даъват кардем. Баъдан фаҳмидем, ки падарарӯсам будаанд. Ҳангоми афтодани гулӯла якбора кушта мешаванд, ки як пояшон аз тан ҷудо буд”,-гуфт ӯ.

Муслима Рустамова, ҳамсояи ин сокини деҳаи Хоҷаи Аъло аз ваҳшонияти шаби 27-уми январ хотироти баде дорад. Вай мегӯяд, он шаб шаби вазнинтарин барои занону кӯдакон буд ва ҳама аз партоби зиёди гулӯлаи қирғиз ва тирборон шудани хонаҳо ба тарс афтода, дар таҳхонаҳо пинҳон шуда буданд. Бино ба нақли Рустамова дар атрофи хонаи ӯ ва ҳамсояҳояш 7 гулӯла таркид ва неруҳои қирғиз хонаҳоро тирборон мекарданд.

“Он шаб вазъият дар Хоҷаи Аъло ниҳоят вазнин буд, кӯдакону занон дар азоб буданд. Ҳаво хунук буд, бовар кунед чунон шаби душвор буд, ки мо кӯдаконро дар таҳхона (падвал) пинҳон кардем. Бениҳоят хунук хӯрданд, эҳтимол касал ҳам шуданд. Вақте гулӯла мекафид, чунон даҳшатнок буд, ки кӯдакон гиряву фарёд мекарданд.  Дар назди таҳхонае, ки кӯдаконро пинҳон кардем, як гулӯла кафид, ки ҳама ҷо ба ларза даромад. Вақте яке аз ин гулӯлаҳо дар назди таҳхонаи ҳамсоя Обидҷон Тӯйчиев афтода таркид, бениҳоят даҳшатнок буд”, – нақл кард ин сокини деҳаи Хоҷаи Аъло.

Хабари аз зарби гулӯлаи неруҳои қирғиз кушта шудани ронандаи 62-солаи “Ёрии таъҷили”-и Беморхонаи марказии шаҳри Исфара Абдулатиф Шарифов ин шабу рӯз баҳсҳои тундеро байни сокинон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба по хезондааст.

Ин ронанда, ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ дар дохили мошини “Ёрии таъҷилӣ”, дар деҳаи Хоҷаи Аъло кушта шуд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистонро он ба ғазаб овардааст, ки дар ҳеч ҷанге мошини ёрии таъҷилӣ ва ронандааш ҳадафи тиру гулӯла қарор намегиранд, аммо неруҳои Қирғизистон ин мошнро огоҳона ҳадаф қарор додаанд.

Абдулатиф Шарифов, 19-уми октябри соли 1960 дар шаҳри Исфара дар оилаи ошпаз ба дунё омадааст. Аз ӯ 6 фарзанду 14 набера боқӣ мондааст. Шарифов аз соли 2008 ба ин тараф ронандаи “Ёрии таъҷилӣ” буд.

Мақомоти Тоҷикистон омори расмии муноқишаи хунини охири моҳи январ дар марзи Исфараро 2 кушта ва беш аз 10 захмӣ ҳисоб кардаанд. Аз ин шумораи захмиён 6 тан низомӣ ва 4 танро сокинони мулкӣ ном мебаранд. Аммо манобеи “Азия-Плюс” шумори захмиёнро аз ин бештар ва теъдоди онҳоро ҳудуди 20 нафар гуфта буданд.

Аз ҷониби Қирғизистон дар ин даргирӣ 12 нафар захм бардоштааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...