Ба Тоҷикистон боз 152 ҳазор воксини “Pfizer-BioNTech”-амрикоӣ ворид карда шуд

Имрӯз, 31-уми январ дар чорчӯбаи барномаи КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 152 ҳазору 100 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ворид карда шуд, – хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.  Дар Тоҷикистон то 20 январи соли 2022 беш аз 4 миллиону 355 ҳазору 582 нафар, яъне 75,6 дар сади шаҳрвандони мамлакат ба моякӯбӣ (ваксинатсия) бар […]

Имрӯз, 31-уми январ дар чорчӯбаи барномаи КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 152 ҳазору 100 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ворид карда шуд, – хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон. 

Дар Тоҷикистон то 20 январи соли 2022 беш аз 4 миллиону 355 ҳазору 582 нафар, яъне 75,6 дар сади шаҳрвандони мамлакат ба моякӯбӣ (ваксинатсия) бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин вояи дуюми ваксинаро то ин давра 3 миллиону 636 ҳазору 802 тан гирифтаанд, ки ин баробар ба 63,1 дар сади тарҳест, ки давлат рӯйи даст гирифтааст.

17 январ низ, дар чаҳорчӯби барномаи “COVAX”,  ба Тоҷикистон 1 млн воя (доза) воксин аз ширкати “Moderna”-и ИМА ворид карда шуд буд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон, бар зидди коронавирус ваксинаҳои «Sputnik V», «AstraZeneca», «CoronaVac», «Moderna» ва «Pfizer» мавҷуд аст ва мардум воксин зада мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.