Вазири энерегетика гуфт, эҳтимол нархи барқ дар кишвар боло равад

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа эҳтимоли баланд бардоштани нархи истифодаи барқро барои аҳолӣ дар солҳои наздик рад накард ва гуфт, ки аз соли 2019 ба ин сӯ таърифаҳои ҳаққи истифодаи барқро дар Тоҷикистон баланд набардоштанд ва ин масъала бо дарназардошти вазъи иҷтимоӣ ва макроиқтисодӣ дар солҳои наздик баррасӣ мешавад. Далер Ҷумъа имрӯз, зимни нишасти матбуотии ниҳоди […]

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа эҳтимоли баланд бардоштани нархи истифодаи барқро барои аҳолӣ дар солҳои наздик рад накард ва гуфт, ки аз соли 2019 ба ин сӯ таърифаҳои ҳаққи истифодаи барқро дар Тоҷикистон баланд набардоштанд ва ин масъала бо дарназардошти вазъи иҷтимоӣ ва макроиқтисодӣ дар солҳои наздик баррасӣ мешавад.

Далер Ҷумъа имрӯз, зимни нишасти матбуотии ниҳоди зери роҳбариаш дар посух ба суоли “Азия – Плюс” гуфт, ки барои баланд бардоштани нархи барқ факторҳои зиёд ҷой дорад ва он як раванди корӣ мебошад, ки дар сурати зарурат гурӯҳи корӣ аз ҳисоби вазорату кумитаҳои дахлдор ташкил ва мавзуъ дида баромада мешавад.

– Ҳозир диққати асосии мо ба таъмини барқи давомдор ва хушсифат дар фасли зимистони имсола аст. Барои таъмин намудани барқ дар фасли зимистон мо марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо истифода бурда истодаем, ки талафотро камтар мекунад. Агар раванди қиматшавӣ оғоз гардад, иловатан маълумот медиҳем. Вале боз мегӯям, қариб се соли охир нархи истифодаи барқ баланд нашудааст, аммо ин мавзуъ бо дарназардошти вазъи макроиқтисодӣ, иҷтимоӣ  дар солҳои наздик дида баромада мешавад,- гуфт вазири энергетика ва захираҳои обӣ.

Ёдовар мешавем, ки Далер Ҷумъа дар нишасти хабарии моҳи июли соли 2021 сару садоҳо дар бораи гарон шудани ҳаққи истифода аз неруи барқро дар Тоҷикистон таъйид карда буд.

Ӯ гуфта буд, ки нарх чӣ қадар боло меравад маълум нест, вале як гурӯҳи вижа бо раҳбарии Хадамоти зиддиинҳисорӣ ташкил шудааст ва рӯзҳои наздик бояд кори худро ҷамъбаст кунад ва дар мавриди нархи ҳаққи  истифодаи барқ  қарори вижае содир мешавад.

Далер Ҷумъа далелҳои гарон шудани ҳаққи истифода барқро ба он марбут дониста буд, ки ҳамасола барои рушди соҳа ва бунёди зерсохтҳо маблағҳои зиёде аз хориҷ ҷалб мешавад ва мо бояд ин маблағҳо ва хидматрасониҳои дарсадии онҳоро баргардонем. 

Бояд гуфт, ки гуруҳи вижа барои боло бурдани ҳаққи истифода неруи барқ 4 майи соли 2021 бо супориши сарвазири кишвар ва дархости Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ таъсис дода шуда буд. 

Дар ҳоли ҳозир мардуми Тоҷикистон барои 1 киловатт/соат нерӯи барқ 22,66 дирам пардохт мекунад.

Таърифаҳои неруи барқ давоми солҳои 2010-2016 танҳо дар солҳои ҷуфт ва минбаъд ҳамасола боло бурда мешуданд. Соли 2020 истисно шуд: дар шароити пандемияи коронавирус президенти ҷумҳурӣ дастур дод, ки аз боло бурдани арзиши молу маҳсулот ва хизматрасониҳое, ки монополияи табиии давлат (таъминот бо барқу об, нақлиёти ҷамъиятӣ ва ғайра) мебошанд, худдорӣ карда шавад.

Давоми солҳои 2010-2019 таърифаҳои неруи барқ барои аҳолии кишвар 2,5 баробар: аз 9 дирам дар моҳи январи соли 2010 то ба 22,66 дирам аз моҳи сентябри соли 2019 боло рафт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.