Вазир: Фоҷиа нест! Рӯзноманигорон: фоҷиа аст! Баҳси тарки кор кардани омӯзгорон дар нишаст

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар нишасти Вазорати маориф ва илми кишвар, имрӯз 3-юми феврал миёни вазири маорифи кишвар Муҳаммадюсуф Имомзода ва рӯзноманигорон дар робита ба тарки кор ва норасоии омӯзгорон дар мактабҳо баҳс сурат гирифт.

Ҳарчанд вазир тасдиқ намуд, ки чунин ҳолат ҷой дорад, вале гуфт аз ин фоҷиа насозанд. Аммо журналистон бо далел мегуфтанд, ки ин чиз ба ҳадди фоҷиа расидааст ва бояд пеши роҳашро гирифт.

Баҳс атрофи тарки омӯзгорон дар ҳолест, ки як ҳафта пештар масъулини бахши маорифи вилояти Хатлон гуфтанд, соли 2021 танҳо аз ин вилоят 2067 омӯзгор ба муҳоҷират рафтанд.

Олими Ашӯралӣ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон гуфт, ин омӯзгорон аз шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Хуросон, Восеъ, Ёвон, Ҷомӣ, Ҷайҳун, Балхӣ, Қубодиён ва Кушониён ҳастанд.

Вазири маориф ва илм ба пурсиши ботакрори журналистон, ки дар маҷмӯъ, дар кулли ҷумҳурӣ чанд омӯзгорон тарки соҳа кардаанд, посух надод ва танҳо гуфт, ки “айни ҳол норасоии омӯзгорон дар тамоми ҷумҳурӣ 1124 нафарро ташкил медиҳад”.

Ин омор дар ҳолест, ки ба гуфтаи вазир ҳамасола зиёда аз 16 ҳазор нафар равияҳои омӯзгориро дар кишвар хатм мекунанд ва қисми зиёди онҳо ба кор таъмин нашудаанд.

Хабарнигорон бо далелҳо ба вазир гуфтанд, ки тарки пеша намудани омӯзгорон фоҷиа аст ва бояд ҳарчи зуддатр пеши роҳи инро гирифт. Онҳо ба таври мисол аз чанд мактабҳои шаҳру навоҳӣ мисол оварданд, ки пештар шумораи муаллимон зиёд буд, вале ҳоло ба таври чашмрас кам шудааст.

Дар ин сурат, вазир тарки пеша кардани бархе омӯзгоронро тасдиқ кард, вале гуфт “ин чизи нав нест, вале имсол нисбати ин масъала сару садоҳо зиёд шуд”.

– Аз мактаб рафтан, ба мактаб қабул кардан, ҳамин динамика дар соҳаи мо ҳаст, ин падидаи нав нест. Сабабу омилҳои аз кор рафтани омӯзгорон маош, фавт, беморӣ, муҳоҷират, нафақа ва иваз намудани ҷои зист аст, -гуфт Имомзода.

Ӯ гуфт, дар соли гузашт 593 нафар бемор шуда ё фавтиданд, 2228 нафар ҷойи зистро иваз карданд ва 1031 нафар ба нафақа баромаданд.

– Камбудиҳо дар шаҳру ноҳияҳо ҳастанд. Ҳолатҳое, ки муаллим ба деҳот меоянд, бо ҷои хоб таъмин намекунанд, истиқбол намекунанд. Лекин дар масъалаи таъмини омӯзгорон мо мушкил надорем. Тоҷикистон аз нигоҳи  захираи зеҳнӣ мушкилот надорад, фақат дар ташкил ва таъмин намудан проблема аст. Он камбудиҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳо ҳаст, ислоҳ мекунем. Аз ин чиз фоҷеа сохтан лозим нест, – гуфт Имомзода.

Тарки соҳа намудани омӯзгорон яке аз масъалаҳои доғ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола аз ҷониби аҳолӣ нигаронии шадидро ба бор меорад. Аксари онҳое ки соҳаро тарк мекунанд, пеш аз ҳама аз маоши кам шикоят мекунанд. Имрӯзҳо даҳҳо нафар, аз ҷумла омӯзгорон ва табибон кӯшиш мекунанд, ки ба хориҷ, аз ҷумла Русия раванд.

Вазири маориф ҳам тасдиқ намуд, ки як омӯзгори тоҷикро дар Русия мушоҳида кардааст, ки ба омӯзиши дарси забони англисӣ машғул аст. Ӯ гуфт, онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар оянда мутахасисонеро омода кунанд, ки ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷи кишвар кор карда тавонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...