“Ҳама гап сари равған аст”. Фарзияи заҳролудшавии хуҷандиҳо аз “грил”

Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода фарзияи худро дар бораи заҳролудшавии одамон аз мурғи бирён ё худ “грил”-ро  дар яке аз бозорҳои бузурги Хуҷанд баён кард. Маълум шуд, ки сари худи мурғ тамоман сухан намеравад. “Гап сари равған аст. Ошпаз мурғро чандин маротиба дар як равған бирён мекард, ки пас аз истифодаи […]

Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода фарзияи худро дар бораи заҳролудшавии одамон аз мурғи бирён ё худ “грил”-ро  дар яке аз бозорҳои бузурги Хуҷанд баён кард. Маълум шуд, ки сари худи мурғ тамоман сухан намеравад.

“Гап сари равған аст. Ошпаз мурғро чандин маротиба дар як равған бирён мекард, ки пас аз истифодаи такрории равған он зараровартар мешавад. Дар натиҷаи ҳамин равған ба заҳролудшавии одамон боис гардид”, – изҳор дошт вай имрӯз, 3 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Ёдрас мекунем, ки бар асари истеъмоли мурғи бирёншуда (грил) дар яке аз бозорҳои Хуҷанд зиёда аз 50 кас заҳролуд шуда, даҳҳо нафарашон дар беморхона бистарӣ шуданд.

Прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати ду фурӯшандаи нуқтаи фурӯши ин маҳсулот парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

Файзуллозода зикр кард, ки кормандони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ доимо маҳсулотро аз лиҳози бехатарӣ ва сифат месанҷанд.

Чунин санҷишҳо байни занони деҳот, ки маҳсулоти шириро дар маҳаллаҳои пойтахт мефурӯшанд, низ гузаронида мешавад.

“Маҳсулоти онҳо бехатар аст. Ягона қонуншикании онҳо – чандин маротиба истифода бурдани зарфҳои фурӯши шир мебошад”, – гуфт Файзуллозода.

Зимнан зикр шуд, ки соли гузашта аз ҷониби кормандони Кумита якчанд тонна маҳсулоти пастсифат ва барои саломатӣ зараровар ошкор шуд: 61,7 тонна гӯшт, 16,6 тонна маҳсулоти ширӣ, 1,8 тонна равғани растанӣ, 25 ҳазор дона тухм, 853 кило маҳсулоти моҳӣ, 607 кило асал, 7,5 тонна хушкмева, 4,3 тонна намак, 173 тонна сабзавоту полезӣ ва мева.

“Ҳамаи ин маҳсулоти пастсифату зараровар нобуд карда шуд”, – илова намуд ӯ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.