Вазири маориф: донишҷӯён аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ кунанд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд, даъват кард, то мӯътадил шудани равобити ду кишвар аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд.

 Ин нуктаро вазири маориф имрӯз дар нишасти хабарӣ зикр кард ва гуфт, ки "таъмини амнитяи онҳоро касе кафолат дода намаетавонад".

Ӯ гуфт, ки ин даъват танҳо ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандони кишвар аст, чун «то имрӯз амнитяи шаҳрвандони тоҷик дар Қиғизистон таъмин карда намешавад. Ба саломатии онҳо касе кафолат дода наметавонад. Бо ҳар баҳона ба онҳо метавонанд фишор оваранд. Ҳоло мо аз донишҷӯён хоҳиш намудем, ки нараванд, чун номуайянӣ аст ва мо ба шумо кӯмак мекунем», – гуфт Имомзода,

Вазири маориф гуфт, ки дар мактабҳои олии Қирғизистон бештар аз 2 ҳазор шаҳрванд Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Баъди баста шудани марз аз сӯйи Қирғизистон ин донишҷӯён ба  Вазорати маориф муроҷиаст кардаанд, ки ба гуфтаи вазири маориф онҳоро ба донишгоҳҳои гуногуни кишвар ба ихтисосҳои мувофиқи худашон қабул пазируфтаанд.

Имомзода ҳамчунин гуфт, ки ҳатто бархе донишҷӯён ҳуҷҷати тасдиқкунунда надоранд, вале ба донишогоҳҳои Тоҷикистон қабул гардиданд ва дар ҳоли ҳозир 464 нафар тибқи тартиби муқараршуда бидуни ҳуҷҷати аслӣ ба курс ва ихтисоси худашон дохил шудаанд.

«Ҳуҷҷати тасдиқкунанда – маълумотномаи академӣ, фармоиши таҳсил ва дигар маводи таҳсил. Мо намедонем ҳамин шаҳрванде, ки ба мо муроҷиат кардааст оё дар ҳақиқат дар мактабҳои олии Қирғизистон таҳсил мекунад ё намекунад»,-гуфт вазири маориф.

Имомзода гуфт, ки ба хотири таъмини амнияти донишҷӯёни тоҷике, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар кампуси Қирғизистон таҳсил мекунанд, аз раҳбарии ин донишгоҳ хоҳиш шудааст, ки барои ин донишҷӯёни тоҷик шароити таҳсил дар кампуси шаҳри Хоруғро муваққатан фароҳам кунанд.

Қирғизистонбар пайи даргириҳои марзии охири моҳи апрели соли гузашта, аз 21-уми май марзҳояшро ба рӯйи Тоҷикистон баст ва гуфт то поёни ҳалли танишҳо ва масоили сарҳадӣ, марзҳо баста мемонанд.

Донишҷӯёни тоҷик, баъди ин тасмим натавонистанд дар моҳи снтябри соли 2021 ба макони таҳсили худ ба ин кишвар баргарданд.

19-уми октябри соли гузашта беш аз 100 донишҷӯйи тоҷики донишгоҳҳои Қирғизистон, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳастанд, дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфта буданд, ки тақрибан ду моҳ мешавад дар донишкадаҳои онҳо дарс оғоз гардида, донишҷӯён аз дигар давлатҳо таҳсил намуда истодаанду танҳо донишҷӯёни тоҷик тариқи онлайн бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Онҳо барои ҳалли масъала ба Вазорати маорифи Тоҷикистон ва сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон муроҷиат карда буданд, то ба мушкилашон расидагӣ шавад.

Дар сафорати Қирғизистон ба ин донишҷӯён гуфта буданд, ки бояд ин мушкил ҳалли худро пайдо намояд, вале кай то ҳол маълум нест.

Қаблан низ аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон  низ ба «Азия-Плюс» гуфта буданд, ки аз мушкили мазкур тамоми мақомотҳо огаҳ ҳастанд ва талош доранд ҳарчи зудтар ҳалли онро пайдо намояд, аммо «вақте кишвари ҳамсоя иҷозати ворид ва таҳсилро намедиҳад, онҳо коре карда наметавонанд».

Ҳарчанд рӯзи 22 октябр, муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов дар “Твиттер” навишта буд, ки  кишвараш сарҳадро барои донишҷӯён аз Тоҷикистон боз кард.  Аммо донишҷёни тоҷик то кунун наметавонад ба ин кишвар баргарданд ва донишҷӯёне, ки ба ҳар васила баргаштаанд, ҳоло вазорати маорив ва вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ки амнияташон таъмин нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...