spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Қирғизистон иҷоза дод, Тоҷикистон не”: саргардонии донишҷӯёни тоҷики муҳассили Қирғизистон идома дорад

Пас аз даргириҳои мусаллаҳонаи охири моҳи апрел, Қирғизистон 21 май марзҳояшро ба рӯйи Тоҷикистон баст, ки дар баробари дигар шаҳрвандон, садҳо донишҷӯйи тоҷик дар моҳи сентябр барои идомаи таҳсил ба мактабҳои олии ин кишвар баргашта натавонистанд.

Ҳарчанд рӯзи 22 октябр муовини раиси Девони вазирон Эдил Байсалов дар “Твиттер” навишта буд, ки  кишвараш сарҳадро барои донишҷӯён аз Тоҷикистон боз кард, аммо донишҷёни тоҷик то кунун наметавонад ба ин кишвар баргарданд.

Як гуруҳ донишҷӯён ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара рафтаанд, ки марзро убур кунанду ба макони таҳсили худ баргарданд, аммо марзбонони тоҷик ба онҳо иҷоза убури марзро надодаанд. Марзбонон гуфтаанд, ки донишҷӯён танҳо метавонанд аз гузаргоҳи марзии Лахш дар шарқи Тоҷикистон ба Қирғизистон бираванд

Чанде аз ин донишҷӯён, дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки ин иттилоъро ба онҳо афсари марзбоне дар Исфара гуфтааст.

Ин донишҷӯён сабти садои суҳбаташон бо афсари неруҳои марзбониро дар ихтиёри «АП» гузоштанд, ки дар он ба донишҷӯён гуфта мешавадд, ки убури марз барояшон танҳо тавассути ноҳияи Лахш иҷоза дода мешаваду халос.

«Ба василдаи Ҷиргатол ба донишҷӯён иҷозати рафтан шудааст ва агар хоҳед бо ҳамон роҳ равед. Рӯйхататон ҳаст ва қирғизҳо низ шуморо қабул мекунанд. Фақат бо ҳамон ҷо иҷозат аст. Ҳоло Раёсат занг зада пурсидам, танҳо як ҷо кати иҷозати берун шудан аст. Шумо равед, ман сарҳадбон, дар ҳамин сиситема кор мекунам, бемалол шумо бе дудилагӣ  гузашта рафтан гиред», – мегӯяд ин афсари марзбон дар ин навори савтӣ.

Ҳоло ин донишҷӯён тасмим доранд, ки ба макони таҳсили худ тариқи ноҳияи Лахш баргарданд, аммо мутмаин нестанд, ки ин маълумот дақиқ аст ё не. Зеро то кунун ҳеч мақоми расмии Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтааст.

Талошҳои “Азия-Плюс” барои дарёфти назари ҷониби Неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин маврид натиҷа надод.  

Нигора, донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи давлатии тиббии Ош, ки зодаи Хуҷанд аст, борҳо талош кардааст, ки тариқи сарҳади Исфара ба Қирғизистон ворид шавад, вале талошҳояш натиҷа надодаанд.

Нигора мегӯяд, Девони Вазирони Қирғизистон эълон карда буд, ки сарҳадро боз кардаанд, аммо намедонад, ки чаро ҷониби Тоҷикистон иҷоза намедиҳад? Ӯ бо нигаронӣ мегӯяд, ки ҳоло меравем ноҳияи Лахш, лекин боз иҷозати берун шуданро намедиҳанд, чандин маротиба чунин шуда буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бино ба навиштаи “Озодӣ” марзбонони тоҷик ба бархе аз донишҷӯёни тоҷик гуфтаанд, ки то ҷониби Қирғизистон кафолати таъмини амнияти шуморо надиҳад, мо иҷозаи убурро намедиҳем.  

Аммо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон  мегӯяд, ки  то кунун ҳеч ҳуҷҷати расмие дар робита ба ҳаққи иҷозат дарёфт кардани донишҷӯён барои вуруд ба Қирғизистон, ба ин ниҳорд ирсол нашудааст.

«Дар ин масъала ҳамкорӣ рафта истодааст, аммо то ҳол аз ҷониби кишвари ҳамсоя ягон ҳуҷҷати расмӣ ворид нашудааст, ки дар кадом асос ва критерия донишҷӯёни тоҷик вориди ин кишвар шаванд», – мегӯяд, Эҳсони Хушбахт, сухангӯйи Вазорати маориф ва илми кишвар.

Бояд гуфт, ки рӯзи 19-уми октябр беш аз 100 донишҷӯйи тоҷики донишгоҳҳои Қирғизистон, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳастанд дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфта буданд, ки тақрибан ду моҳ мешавад дар донишкадаҳои онҳо дарс оғоз гардида, донишҷӯён аз дигар давлатҳо таҳсил намуда истодаанду танҳо донишҷӯёни тоҷик тариқи онлайн бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Онҳо барои ҳалли масъала ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон муроҷиат карда буданд, то ба мушкилашон расидагӣ шавад.

«Мо ба Вазорати маорифи кишварамон муроҷиат намудем. Онҳо омодаанд моро дар донишкадаҳои худамон қабул намоянд, вале як курс поён бояд таҳсил намоем. Барои мо хубтар аст дар ҳамон курси худ бихонем. Чун дар Тоҷикистон як соли дигар иловатан бояд таҳсил кунем», – мегӯянд онҳо.

Дар сафорати Қирғизистон ба ин донишҷӯён гуфта буданд, ки бояд ин мушкил ҳалли худро пайдо намояд, вале кай то ҳол маълум нест.

Қаблан низ аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон  низ ба «Азия-Плюс» гуфта буданд, ки аз мушкили мазкур тамоми мақомотҳо огаҳ ҳастанд ва талош доранд ҳарчи зудтар ҳалли онро пайдо намояд, аммо «вақте кишвари ҳамсоя иҷозати ворид ва таҳсилро намедиҳад, онҳо коре карда наметавонанд».

Ҳоло, ки Девони Вазирони Қирғизистон иҷозаи вурудро додааст, ҳанӯз далели иҷозаи убур надодани марзбонони Тоҷикистон, равшан нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...