Китобхонаи Лоҳутӣ дар “ҷайб”-и шумо, яъне дар Фейсбуку Телеграмми телефони ҳамроҳатон

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар Душанбе дар баробари шеваҳои классикӣ, ҳамчунин китобҳоро барои хонандагон ба шеваҳои нав, тариқи Фейсбуку Телеграмм низ пешниҳод мекунанд. Акнун хонандагон дар хона нишаста, метавонанд китобҳоро дар шабакаҳои иҷтимоиву паёмрасонҳо дархост кунанд ва дар фурсати кӯтоҳ дарёфт намоянд.

Ин китобхона китобҳоро дар қолаби PDF дар шабакаи иҷтимоӣ ва паёмрасонаҳо пешниҳод мекунад. Саҳфаҳои ин китобхона дар шабакаҳои иҷтимоӣ, пас аз роҳандозии ин хидматрасониҳо хеле серкорбар шудааст.

Ҷомӣ Пӯлодзода, мудири шуъбаи китобҳои электронии китобхона Лоҳутӣ, мегӯяд, ки ин китобҳо шомили осори адибони классику муосири тоҷик, таърих, китобҳои дарсиву соҳавию тахассусӣ ва  осори адибони хориҷӣ мебошанд.

Мақсади асосии таъсиси додани саҳифаҳо дар шабакаи иҷтимоӣ ва дастрас намудани китобҳо ба хонандагонро ин масъули китобхона «таъмину  таблиғ ва дастрас намудани шакли электронии китобҳо ба хонандагон ва бештар кардани саффи китобхонҳо» унвон мекунад.

Ҳоло масъулони ин китобхона, ба гуфтаи Пӯлодзода дархостҳои хонандагонро на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз  он низ қабул ва иҷро мекунанд.

«Масалан як нафаре дар Амрико, Аврупо ё берун аз он ҷо ҳам бошад, кофист, ки ба саҳфаҳои мо шомил шавад. Масъалан дирӯз ба 15 донишҷуйй дар Канада китобҳоро дар қолаби PDF ирсол кардем. Худи дирӯз, аз шаҳри Истаравшан 15 китоб формоиш шуд ва дар кӯтоҳтарин муҳлат китобҳоро дастрас кардем”,-мегӯяд Пӯлодзода.

Фейсбук ба мо ин имконро намедиҳад, ки баъзе аз китобҳоро дар он ҷо бе мушкил гузорем, аммо чунин имкон дар Телеграмм ҳаст ва мо ин корро мекунем.

Пӯлодзода мегӯяд, онҳо саҳифаи худро дар Телеграмм боз намудаанд ва бинобар навтаъсиси буданаш ҳоло беш аз ҳазор узв дорад. Дар гурӯҳи фейсбукӣ алакай  беш аз 5 ҳазор узв доранд ва дар кӯҳтотарин мудддат дар Вотсапп низ саҳфа фаъол мекунанд.

Ҷомӣ Пӯлодзода мегӯяд, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ дид, ки нафрони зиёде ба дунболи китобҳои даркорӣ мегарданд, идеяе ба сараш омад, ки ин хидматрасониро дар китобхонаи худашон низ фаъол кунанд.

“Омаду рафти хонандагон бо сабабҳои номаълум ба китобхона кам гардид, ҳарчанд дар китобхона бо истифода аз интернети ройгон ё бепул имкони боргирии китобҳо низ ҳаст. Аммо онҳо тасмим гирифтанд, ки  бояд ба хонадан наздик шаванд ва ҷомеа онро хуб хеле ху пазируфт”,- боварманд аст ин масъули китобхона.

Пулодзода ин усулро як шеваи навъи таъмину таблиғи китоб медонад, ки аз сӯйи ҷомеа хеле хуб пазируфта шудааст, ки даделаш шарҳҳои онҳо зери фириста (пост)-и онҳо дар шабакаҳои иҷтимоист.

Ҳоло тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, масъулон аз шуъбаи электронии китобхона, китобҳоро сари вақт ба хонандагон мефиристанд. Дастрасӣ ба китобҳо озод аст. Онҳо имкон медиҳанд, ки хонанда китобро барои худаш ҳам боргирӣ (скачать) кунанд.

Муроҷиатҳо зиёд аст, китобхонҳо низ зиёд шудаанд  ва ин нишонаи он аст, ки дар фазои маҷозӣ китобхон зиёд шудааст, мегӯяд Ҷомӣ.

Масъулони китобхона мегӯяд, ки пас аз роҳандозӣ шудани «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» муроҷиатҳо барои гузинаи электронии китобҳо аз тамоми минтақаҳои кишвар зиёд шудааст.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар як рӯз беш аз 20 нафар китоб дархост мекунанд, яъне дар як рӯз то 40-50 китоб фармоиш мешавад  ва онҳо талош мекунанд, ки дар фурсати кӯтоҳ фармоишҳоро иҷро кунанад.

Масъулони китобхон ҳоло бо шоиру нависандаҳо ва муаллифони дигар робита барқарор карда, китобҳоеро, ки дар хазинаи китобхона нестанд, мустақиман аз муаллифон гирифта ва ба муроҷиаткунандагон мефиристанд.

Пӯлодзода мегӯяд, ки барои ин кор шабакаҳои иҷтимоӣ ба онҳо ҳеч маблағе намедиҳанд  ва онҳо аз муроҷиаткунандагон ҳам пуле намегиранд, ҳадаф танҳо бештар кардани китобхонҳост.

Бояд гуфт кард, ки дастрасӣ ба китобҳои электронӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ  чизи тозае нест, аммо бо забони тоҷикӣ ва ройгон дастрас кардани он шеваи нави таблиғи китобхонӣ дониста мешавад, ки масъулони ин китобхона роҳандозӣ кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...