Сохтмони биноҳои парлумону ҳукумат соли 2023 ба анҷом мерасад

Сохтмони биноҳои нави парлумон ва ҳукумат дар шаҳри Душанбе тибқи ҷадвал идома дорад ва моҳи октябри соли 2023 ба анҷом мерасад. Дар ин бора раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Зувайдзода, имрӯз, 4 феврал, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Гуфта мешавад, ки сохтмони биноҳои парлумон ва ҳукумат дар заминаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин бо кумаки […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Мазҳаб Ҷумъа, Asia Plus

Сохтмони биноҳои нави парлумон ва ҳукумат дар шаҳри Душанбе тибқи ҷадвал идома дорад ва моҳи октябри соли 2023 ба анҷом мерасад. Дар ин бора раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Зувайдзода, имрӯз, 4 феврал, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки сохтмони биноҳои парлумон ва ҳукумат дар заминаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин бо кумаки молии Чин ба маблағи 1,5 миллиард юан (ҳудуди 220 миллион доллар) амалӣ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи раис, бинои нави парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз – 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.

Бинои ҳукумати Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мешавад. Масоҳати қитъаи замини маҷмааи ҳукумати Тоҷикистон 10,27 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи ҳукумат, ду бинои 13 ошёнаии идораҳои назди ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегардад.

Созишнома ҷудо кардани кумаки бебозгашт байни ҳукуматҳои ҳар ду кишвар моҳи сентябри соли 2017 зимни сафари давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин имзо шуда буд.

Ҳамин тариқ, таҳкурсии биноҳоро моҳи октябри соли 2018 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи сарвазири Шӯрои давлатии Чин Ли Кесян гузошта буд.

Гуфта мешуд, ки ҳарчанд сохтмон аз ҷониби Чин маблағгузорӣ шавад ҳам, мувофиқи созишнома, 80%-и коргарон аз Тоҷикистон ба кор қабул мешаванд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон воридоти таҷҳизот барои бунёди иншоотро аз пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ озод кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.