Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории се озмун ҳудуди 8 млн сомонӣ ҷудо кард

Имсол, барои баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ – «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»,  «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 7 млн 930 ҳазор сомонӣ (ҳудуди $700 ҳазор) сарф мешавад. Дар ин бора амрҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 3 феврал ба имзо расид. Тавре Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, соли 2022 барои баргузории  озмуни ҷумҳуриявии […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имсол, барои баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ – «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»,  «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 7 млн 930 ҳазор сомонӣ (ҳудуди $700 ҳазор) сарф мешавад. Дар ин бора амрҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 3 феврал ба имзо расид.

Тавре Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, соли 2022 барои баргузории  озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Тоҷикистон 2 млн 540 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад.

Ҳамин тариқ, имсол барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз ҳисоби фонди президенти Тоҷикистон 2 млн 345 ҳазор сомонӣ ва барои баргузории  озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 3 млн 45 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки ин маблағҳо барои ғолибони номинатсияҳо, муаллимоне ки онҳоро барои ширкат дар озмунҳо омода мекунанд, омода кардани ҷоми шоҳҷоизаҳо, дипломҳо, музд ва сафари кории ҳайати ҳакамон ба шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ва хароҷоти дигар сарф мешавад.

Ба дастгоҳи иҷроияи президент супориш дода шудааст, ки истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин намоянд. Ҳамчунин ба сохторҳои марбута дастур дода шудааст, ки барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмунҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Гуфта мешавад, назорати иҷрои амрҳои мазкур ба зиммаи муовинони сарвазири ҷумҳурӣ (сарпарастони соҳа) вогузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории ин озмунҳо 7 млн 720 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.