Шикояти сокинон: шиносномаи хориҷиро сари вақт нагирифтем. Масъулон: мушкиле нест

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Даҳҳо сокинону корафтодагон, дар ду се рӯзи ахир аз дер гирифтани шиносномаҳои хориҷияшон шикоят мекунанд, аммо Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ (ХШБ)-и ВКД Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин росто мушкиле нест ва кор ба тартиби пешин ҷараён дорад.

Бархе аз ин сокинон «Азия-Плюс» муроҷиат карда, мегӯянд, ки санадҳои лозимро барои дастрас намудани шиносномаи хориҷӣ ба дафтари марказии ХШБ  супуридаанд, вале дар муҳлати муайншуда онро натавонистанд дарёфт кунанд.

Ин муроҷиаткунандагон мегӯянд, ки бархе аз кормандони масъули ХШБ ба онҳо гуфтаанд, ки яке аз дастгоҳҳои чопи шиносномаҳо вайрон шудааст ва ба ҳамин далел онҳо шиносномаҳояшонро дертар дарёфт мекунанд.

Аммо Нуралӣ Сафарзода, як масъули Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ба "Азия-Плюс" гуфт, ки "ин суханҳо аоси воқеӣ надоранд ва мардум дар муҳлатҳои таъиншуда, шиносномаҳои худро гирифта истодаанд".

Вале Фаррух, яке аз муроҷиаткунандагон мегӯяд, ки шиносномаашро бояд рӯзи 31-уми январ мегирифт, аммо то ҳанӯз, яъне 7-уми феврал пушти дарҳои ин ниҳод саргардон аст. 

"Баъдан ман гуфтанд, ки рӯзи душанбе биё, омадам гуфтанд омода нест. Ба роҳбарони болотарашон занг задам, гуфтанд, ки рӯзи панҷшанбе мешавад, зеро рӯзи чоршанбе бахши консулгарӣ кор намекунад. Баъзе нафароне ҳастанд, ки 19-уми январ супурдаанд ва бархеҳо ҳатто пештар",- гуфт Фаррух

Ин сокини душанбе мегӯяд, ки нархи билет ба самти Русия рӯз аз рӯз боло меравад ва бо гармтар шудани ҳаво ва оғози мавсими оммавии рафтани муҳоҷирон хатари гаронтар шудани билет вуҷуд дорад, барои ҳамин мехоҳад билеташро тезтар бигираду биравад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...