Шикояти сокинон: шиносномаи хориҷиро сари вақт нагирифтем. Масъулон: мушкиле нест

Даҳҳо сокинону корафтодагон, дар ду се рӯзи ахир аз дер гирифтани шиносномаҳои хориҷияшон шикоят мекунанд, аммо Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ (ХШБ)-и ВКД Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин росто мушкиле нест ва кор ба тартиби пешин ҷараён дорад. Бархе аз ин сокинон «Азия-Плюс» муроҷиат карда, мегӯянд, ки санадҳои лозимро барои дастрас намудани шиносномаи хориҷӣ ба дафтари марказии ХШБ  супуридаанд, […]

Даҳҳо сокинону корафтодагон, дар ду се рӯзи ахир аз дер гирифтани шиносномаҳои хориҷияшон шикоят мекунанд, аммо Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ (ХШБ)-и ВКД Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин росто мушкиле нест ва кор ба тартиби пешин ҷараён дорад.

Бархе аз ин сокинон «Азия-Плюс» муроҷиат карда, мегӯянд, ки санадҳои лозимро барои дастрас намудани шиносномаи хориҷӣ ба дафтари марказии ХШБ  супуридаанд, вале дар муҳлати муайншуда онро натавонистанд дарёфт кунанд.

Ин муроҷиаткунандагон мегӯянд, ки бархе аз кормандони масъули ХШБ ба онҳо гуфтаанд, ки яке аз дастгоҳҳои чопи шиносномаҳо вайрон шудааст ва ба ҳамин далел онҳо шиносномаҳояшонро дертар дарёфт мекунанд.

Аммо Нуралӣ Сафарзода, як масъули Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ба "Азия-Плюс" гуфт, ки "ин суханҳо аоси воқеӣ надоранд ва мардум дар муҳлатҳои таъиншуда, шиносномаҳои худро гирифта истодаанд".

Вале Фаррух, яке аз муроҷиаткунандагон мегӯяд, ки шиносномаашро бояд рӯзи 31-уми январ мегирифт, аммо то ҳанӯз, яъне 7-уми феврал пушти дарҳои ин ниҳод саргардон аст. 

"Баъдан ман гуфтанд, ки рӯзи душанбе биё, омадам гуфтанд омода нест. Ба роҳбарони болотарашон занг задам, гуфтанд, ки рӯзи панҷшанбе мешавад, зеро рӯзи чоршанбе бахши консулгарӣ кор намекунад. Баъзе нафароне ҳастанд, ки 19-уми январ супурдаанд ва бархеҳо ҳатто пештар",- гуфт Фаррух

Ин сокини душанбе мегӯяд, ки нархи билет ба самти Русия рӯз аз рӯз боло меравад ва бо гармтар шудани ҳаво ва оғози мавсими оммавии рафтани муҳоҷирон хатари гаронтар шудани билет вуҷуд дорад, барои ҳамин мехоҳад билеташро тезтар бигираду биравад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.