Созишнома ба имзо расид: акнун муҳоҷирони тоҷик дар Русия нафақа мегиранд.

Сайфиддин Қараев, Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Аз ин ба баъд муҳоҷирони кории тоҷик, ки расман дар Русия кор мекунанд, метавонанд барои дарёфти нафақа муроҷиат кунанд. Созишномаи дахлдорро президентҳои ду кишвар моҳи сентябри соли 2021 имзо кардаанд. Дар ин бора имрӯз, 7 феврал Дилмурод Давлатзода, директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон  дар нишасти хабарӣ хабар дод.

Номбурда гуфт, барои ин муҳоҷирони кории тоҷик бояд дар Русия расман кор кунанд ва  маошашон суғурта шуда бошад.

Ба гуфтаи Давлатзода, Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон бо Қирғизистон ва Ӯзбакистон низ бо мақсади  рушди ҳамкориҳо дар заминаи нафақа ва суғуртаи  иҷтимоӣ созишнома ба имзо расонидааст.

Раиси оҷонсӣ гуфт, ки кадом тоифаи муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, метавонанд ба гирифтани нафақаи русӣ умед банданд.

Муҳоҷирон чӣ тавр нафақаи Русияро гирифта метавонанд?

Агар муҳоҷир танҳо маблағи патентро барои кор дар Русия пардохт кунад, ин маънои онро надорад, ки дар оянда ӯ метавонад дар онҷо нафақа бигирад. Дар баробари патент бояд бо корфармо шартнома, дафтарчаи меҳнатӣ ва рақами суғуртаи суратҳисоби шахсии инфиродӣ дошта бошад. Корфармо бояд ҳар моҳ барои ҳар як корманд, ба Хазинаи нафақаи Русия маблағи суғурта супорад.

Тибқи созишномаи баимзорасида корманд ҳангоми кор дар Русия метавонад худаш интихоб кунад, ки дар кадом кишвар мехоҳад нафақа бигирад – дар Русия ё дар Тоҷикистон.

Агар пас аз ба нафақа баромадан корманд тасмим гирад, ки ба кишвари сеюм, яъне на дар Русия ва на дар Тоҷикистон зиндагӣ кунад, боз ҳам нафақа мегирад. Ҳисобҳо аз ҷониби кишваре, ки ӯ дар он расман кор кардааст ва нафақа додааст, ҳисоб карда мешавад. Яъне, асоси нафақаи оянда ҳамин ҳаққи суғуртае мебошад, ки корфармо барои корманд медиҳад. Ҳиссагузорӣ 22 фоизи фонди солонаи музди корро ташкил медиҳад.

Аз ин 22 фоиз — 6 фоизаш тарифи ҳамраъй мебошад, ки барои ташаккули пардохтҳои устувор таъин шудааст ва 16 фоизаш тарифи индивидуалӣ мебошад, ки аз ҳисоби фонди инфиродии шахси суғурташуда ба ҳисоб гирифта мешавад.

Барои додани шаҳодатномаи суғурта мустақилона шаҳрванди хориҷӣ бояд ба хадамоти Фонди нафақа дар ҷои истиқомати муваққатӣ ё доимии худ муроҷиат кунад.

Ёдовар мешавем, ки дар Федератсияи Русия синни нафақа дар айни замон барои мардон 61,5 сол ва барои занон 56,5 сол аст.

Ҳадди ақали нафақа дар Русия мувофиқи ҳадди ақали зиндагӣ барои нафақахӯрони Русия ҳисоб карда мешавад. Ҳар як минтақаи Федератсияи Русия музди меҳнати худро дорад. Умуман, дар Русия ҳадди ақали нафақа каме бештар аз 10 ҳазор рубл аст.

Ҳаҷми миёнаи нафақа то 1 январи соли 2022 дар Русия 18 521 рублро ташкил дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...