Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд аз як самт боз шуд

Date:

Ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар Роҳи Душанбе-Чаноқ, ки шоми рӯзи 8 феврал манъ шуда буд, аз як самт иҷоза шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкати IRS, ки масъули нигаҳдориву хидматгузорӣ дар ин роҳ аст.

“Алҳол ҳаракатро аз самти Хуҷанд иҷоза додем. Баъдан барқарор кардани ҳаракати воситаҳои нақлиётро аз самти Душанбе ҳам дар нақша дорем”, – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, шабонарӯзи гузашта дар қитъаҳои роҳ 5 тарма фаромада, дутои он хеле калон буд.

“Тамоми шаб роҳ аз тармаву барфтӯдаҳо тоза карда шуда, бо маводи зиддилағзиш коркард шуд”, – илова карданд дар IRS.

Зимнан хабар дода шуд, ки 10 автомашинаи боркаши бузургҳаҷм (фура) аз километри 69-уми роҳ, ки маъмулан дар ин ҷо зиёд тарма мефарояд, ба ҷойи бехавф интиқол дода шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...