Ширкати 4 паҳлавони ҷудокори тоҷик дар мусобиқоти Grand Slam Telaviv 2022

Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов  чор паҳлавони ҷудокор Тоҷикистонро дар дар Гранд-слами Телавив-2022 муаррифӣ мекунанд.  Мусобиқоти ҷудои Grand Slam Telaviv 2022 рӯзҳои 17-19 феврал дар пойтахти кишвари Исроил баргузор мешаванд.  Дар ин мусобиқот, Сомон дар вазни -73, Шодмон -81, Ҷаҳонгир -90 ва Темур +100 рақобат мекунанд. Бино ба иттилои Федератсияи ҷаҳонии […]

Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов  чор паҳлавони ҷудокор Тоҷикистонро дар дар Гранд-слами Телавив-2022 муаррифӣ мекунанд. 

Мусобиқоти ҷудои Grand Slam Telaviv 2022 рӯзҳои 17-19 феврал дар пойтахти кишвари Исроил баргузор мешаванд. 

Дар ин мусобиқот, Сомон дар вазни -73, Шодмон -81, Ҷаҳонгир -90 ва Темур +100 рақобат мекунанд.

Бино ба иттилои Федератсияи ҷаҳонии ҷудо дар ин сабқатҳо миёни мардон ва бонувон ширкати 317 паҳлавон аз 34 кишвари сайёра дар назар аст. Аз ҷумла 162 мард ва 155 варзишгарбону ширкат мекунанд. 

Мардҳо дар вазнҳои -60, -66, -73, -81, -90, -100 ва +100 ва бонувон дар -48, -52, -57, -63, -70, -78 ва +78 неру месанҷанд.

Маблағи умумии ҷоизаи мусобиқоти "Grand Slam Tel aviv 2022" 154 ҳазор евро мебошад, ки барои ҳар варзишгаре, ки мақомҳои 1,2 ва 3-ро соҳиб мешаванд, чунин ҳадяҳо дода мешавад:

Ҷойи якум, 5 ҳазор евро, ки аз ин 1000 евро барои мураббӣ аст;

Ҷойи дуюм, 3 ҳазор евро, ки 600 еврои барои муррабӣ;

Ҷойи сеюм, 1500 евро ва 300 евро барои мураббӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.