182 тобут. Сокинони Суғд бо чӣ ҷурме дар муҳоҷират фавтидаанд

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Дар соли гузашта тобути 189 муҳоҷири тоҷик тариқи Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд аз Русия ба ватан оварда шудааст. Раёсати Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, аз шумори фавтидагон 182 нафар сокинони вилояти Суғд ва боқимонда 7 нафар аз манотиқи дигари Тоҷикистон буданд.  

Диловар Муродов, муовини сардори Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд дар ин бора зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ӯ гуфт, муҳоҷирони фавтида, ки тобуташон аз Русия оварда шуд 156 нафар мард ва 33 кас зан мебошанд, ки ба ҷузъ 7 нафар дигар ҳама сокинони вилояти Суғд буданд. Ин муҳоҷирон бар асари куштор, беморӣ, ҳодисаҳои нохуш, садамаҳои нақлиётӣ ва дигар сабабҳо ҷон бохтаанд.

“Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия асосан бо сабабҳои 1 нафар бар асари куштор, 147 нафар беморӣ, 18 нафар дар ҳодисаҳои нохуш, 8 кас дар садамаи нақлиётӣ, 6 худкушӣ ва бо сабабҳои номаълум 9 нафар вафот карда тобуташон тариқи Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд ба ватан оварда шуд”,- гуфт ин масъули муҳоҷирати вилоят.

Масъулини ин ниҳод мегӯянд, соли 2020 ҳамагӣ тобути 51 зодагони шимолии Тоҷикистон аз ҷумла 42 мард ва 9 зан аз Русия ба ватан оварда шуда буд. Аз ин 31 кас бо ҷурми беморӣ, 7 ҳодисаи нохуш, 12 садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расида 1 сабаби марги муҳоҷирон норушан боқӣ мондааст.

Муовини сардори Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд далели ду баробар зиёд шудани марги муҳоҷирон бар фарқ аз соли 2020 дар соли 2021-ро ба пандемия ва баста будани роҳҳо рабт дод.

Масъулин мегӯянд,  омори муҳоҷироне, ки соли 2020 дар Русия фавтидаву вале тобуташон оварда нашуд маълум нест. Ба гуфтаи Диловар Муродов “бисёри муҳоҷироне, ки дар давраи пандемия ҳалок шуданд дар оромгоҳҳои мусулмонии Федератсияи Русия гӯронда шудаанд”.

Раванди афзоиши шумори муҳоҷирони меҳнатиро дар омори сафари ҳамасолаи  сокинон ба хориҷ аз кишвар низ пай бурдан мумкин аст, ки дар замони пандемия боз зиёдтар шудааст. Бино ба иттилои Раёсати Хадамоти муҳоҷират соли 2021 аз вилояти Суғд 181 ҳазору 109 нафар ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки ин омор назар ба ду соли пеш аз пандемия беш аз 70 ҳазор ва дар муқоиса ба соли 2020- 151,742 ҳазор зиёд аст. Омори муҳоҷирон баъди соли 2014 дар вилояти Суғд ба маротиб коҳиш ёфта дар солҳои 2018-2019 мутаносибан ба 104,948 ҳазор ва 108,702 ҳазор баробар буд. Аммо мутахассисон мегӯянд, пандемияи коронавирус назми зиндагӣ ва даромади хонаводаи сокинонро ба ҳам зад ва ин боис шуд, ки якбора боз дар соли гузашта шумори муҳоҷиршавии сокинон афзоиш ёфт. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...