ВКД модари блогери тоҷик Абдураҳмон 09-ро ба ифротгароӣ мутаҳам кард

Вазорати корҳои дохилӣ дар як изҳорот Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдураҳмон 09-ро ба ифротгароӣ муттаҳам кард. Пайвандонаш Шоҳида Маҳмадҷоноваро аз рӯзи 3-юми феврал ба ин сӯ ӯро мекофтанд.  Бино ба иттилои ин ниҳод, нисбати шаҳрванд Маҳмадҷонова Шоҳида Давлатҷоновна, соли таваллуд 15.04.1977, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Хуросон, бинои 16, ҳуҷраи […]

Вазорати корҳои дохилӣ дар як изҳорот Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдураҳмон 09-ро ба ифротгароӣ муттаҳам кард. Пайвандонаш Шоҳида Маҳмадҷоноваро аз рӯзи 3-юми феврал ба ин сӯ ӯро мекофтанд. 

Бино ба иттилои ин ниҳод, нисбати шаҳрванд Маҳмадҷонова Шоҳида Давлатҷоновна, соли таваллуд 15.04.1977, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Хуросон, бинои 16, ҳуҷраи 20, тибқи талаботи моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)) Кодекси ҷинояти Тоҷикистон пешбинигардида, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, номбурда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Ин моддаи кодекси ҷиноӣ аз панҷ то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ҳамчунин ВКД хабар медиҳад, ки  фарзанди дастгиршуда Маҳмадҷонов Шерзод Тулфорович, блогер ва ё ин ки опозитсионер набуда, балки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

ВКД ҳамчунин гуфтааст, ки "барои ташкили вохӯрии дастгиршуда бо пайвандон шароит фароҳам оварда шуда, барои қабул ва таъмини ғизо мушкилӣ ҷой надорад",-ин дар ҳолест, ки пайвандони Шоҳида Маҳмадҷонова се давоми панҷ рӯзи ахир аз макони буду боши ӯ хабар надоштанд ва ӯро мекофтанд.

Пайвандони Маҳмадҷонова барои  то дирӯз барои пайдо кардани ӯ ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муроҷиат карда буданд ва ин созмон барои пайдо кардани ӯ ба мақомот мактуб ирсол кард буд.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бар асоси шикояти шавҳари Шоҳида Маҳмадҷонова, ки гуфта мешавад чанд рӯз боз нопадид аст, барои муайян намудани макони нигоҳдорӣ ва таҳқиқи қазияи ӯ вакили дифоъ ҷудо кардааст. Дар ин бора аз Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба “Азия-Плюс” дирӯз хабар доданд.

Шоҳида Маҳмадҷонова модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдураҳмон 09 аст, ки аз 3-юми феврали соли 2022 баъди рафтан барои гирифтани телефонаш аз як корманди  ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бедарак шуда буд.

Идимо Маҳмадҷонова аз нопадид шудани духтураш нигарон буд ва чанд рӯз, дар ба дари мақомот Шоҳидаро мекофт.

Ӯ зимни суҳбат, баъд аз зуҳри дирӯз бо “Азия-Плюс” гуфта буд, “то ба ҳол аз духтараш ҳеҷ хабаре надоранд”.

Ӯ дирӯз гуфт, барои пайдо кардани духтараш онҳо, рӯзи 7-уми феврал ба Дастгоҳи иҷроияи президент, Додситонии кул ва Омбудсмен мактуб исрол карданд ва аз онҳо хоҳиш намуданд, ки макони нигоҳдории ӯро муайян намоянд.

Қазияи модари Абдураҳмон 09

Панҷ рӯз нопадид ё бедарак будани Шоҳида Маҳмадҷонова дар ҳоле буд, ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, кормандони пулис ҳақ доранд шахсро танҳо то 72 соат боздошт ва нигоҳ доранд. Баъди ин ё қарори додгоҳ барои ҳабси гумонбаршуда содир мешавад ё шахс бояд озод гардад.

Аммо ВКД дар изҳороташ ин паҳлӯи қазияро шарҳ надодааст ва нагуфтааст, ки Шоҳида Маҳмадҷоноваро кай боздошт кардааст ва то ин вақт ӯ дар куҷо буд.

Шерзод Маҳмадҷонов ё Абдураҳмон 09 дар суҳбат бо Радиои “Озодӣ” даъватҳои модараш аз сӯйи мақомот ва ҳодисаи ахирро ба фаъолияти блогерии худ ва нашри наворҳои интиқодиаш дар мавриди сатру ҳиҷоб ва дигар ҳуқуқҳои динии шаҳрвандони Тоҷикистон ва интиқодҳо аз мансабдорони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ рабт медиҳад.

Ин блогери ҷавон, ки ҳоло дар Олмон паноҳанда аст, ба мақомот, аз ҷумла масъулони Дастгоҳи иҷроияи президент, ВКД, Кумитаи дин ва ниҳодҳои дигар занг зада, дар бораи сатру ҳиҷоб баҳс карда, сабти ин суҳбатҳоро дар Интернет мегузорад.

Шерзод Маҳмадҷонов бовар дорад, ки маҳз танқидҳои ӯ сабаб шудааст, ки ба модараш фишор биёранд. Ба иддаои Шерзод, мақомот аз модари ӯ талаб кардаанд, ки аз писараш бихоҳад, то ба Тоҷикистон баргардад ва ӯро афв мекунанд.

Аввали соли 2020 низ Шоҳида Маҳмадҷоноваро дар бемористони шаҳри Ваҳдат аз кор ронда буданд. Масъулони бемористон он вақт гуфта буданд, ки ӯ бо хоҳиши худ ариза навишт, аммо писараш гуфта буд, ки модарашро барои интиқодҳои ӯ аз кор ронданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.