Бензини АИ-92 ё АИ-80?. “Тоҷикстандарт” аз ошкор шудани садҳо тон маводи сӯхти бесифат дар Суғд хабар медиҳад

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд аз ошкор шудани 1370 тонна маводи сӯхте хабар медиҳад, ки 42 тоннаи он тариқи қочоқ аз марзи Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид шудааст. Баъди санҷиши лабараторӣ масъулин ин миқдори зиёд сӯзишвории нафтиро барои истифода номувофиқ дониста, маводро барои баррасӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол кардаанд.  

Ғуфрон Эргашов, сардори озмоишгоҳи маҳсулоти нафтӣ рӯзи 9-уми феврал зимни нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, маҳсулоти нафтии ошкоршуда “ба талаботи регламенти техникии Тоҷикистон мутобиқ набуд”. Вай афзуд, санҷиши лабараторӣ нишон дод, ки беш аз 1327 тонна маҳсулоти сӯзишвории воридотӣ аз кишварҳои Русия, Қазоқистон ва 42 тонна маводи қочоқӣ аз марзи Қирғизистон ба талаботи стандарт ҷавобгӯй набуд.

“Намуди сӯзишвории бензин 27 тонна, дизел 19 тонна, моъеи хунуккунанда 1 тонна, нафт 1322 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ дониста шуда маводҳо барои баррасӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол гардид. Мисол бензини навъи АИ-92-ро вақте санҷидем бензини АИ-80 баромад ва дигар намуд ҳам дар натиҷаи санҷиш ба талаботи техникӣ ҷавобгӯй набуд”.

Ба иттилои Маркази “Тоҷикстандарт” маводи сӯхти қочоқиро мақомоти интизомӣ дар соли 2021 ошкор карда ва баъди хуллосаи ниҳоӣ маводро барои баррасӣ дигарбора ирсол кардаанд. 

Дар ҳоле ин ниҳод аз ошкору ғайристандарт баромадани даҳҳо тонна маводи сӯхти қочоқӣ хабар медиҳад, ки шуруъ аз оғози моҳи майи соли гузашта ба далели муноқишаи хунин дар марз Қирғизистон додугирифти  ҳама гуна молу маҳсулот бо Тоҷикистонро манъ кард. Ва то ҳол ба ҳаракати озоди мошинҳои боркаш иҷоза нашудааст.

Омори ошкор шудани 42 тонна маҳсулоти сӯхти қочоқии ғайристандартӣ дар ҳолест, ки соли 2020 вақте марзҳо боз буд бино ба маълумоти Маркази “Тоҷикистандарт” мақомоти интизомии Суғд ҳамагӣ беш аз 45 тонна сӯзишвории ғайристандартиро ошкор карда буданд.   

Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд гуфт, ки маводи сӯхти ошкоршуда бештар бо сабаби аз меъёр баланд будани миқдори сулфур, ки ҳангоми бухоршавӣ ба муҳити зист ва инсон хатарнок аст, ғайристандарт дониста мешавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...