Тайи як сол 950 шаҳрванди кишвар дар хориҷ аз Тоҷикистон вафот карданд

Соли 2021 дар берун аз ҳудуди Тоҷикистон 950 шаҳрванди кишвар вафот карданд, хабар доданд дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон. Аксарияти шаҳрвандон дар қаламрави Русия ҷон бохтаанд. “Дар кор ҳодисаҳои нохуш рух медиҳанд. Соли гузашта теъдоди зиёди шаҳрвандони мо бо сабабҳои гуногун дар Русия фавтиданд. Сабабҳои марги ҳамватанон гуногун буд – бемориҳо, риоя […]

Соли 2021 дар берун аз ҳудуди Тоҷикистон 950 шаҳрванди кишвар вафот карданд, хабар доданд дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон. Аксарияти шаҳрвандон дар қаламрави Русия ҷон бохтаанд.

“Дар кор ҳодисаҳои нохуш рух медиҳанд. Соли гузашта теъдоди зиёди шаҳрвандони мо бо сабабҳои гуногун дар Русия фавтиданд. Сабабҳои марги ҳамватанон гуногун буд – бемориҳо, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, садамаҳо ва ғайра”, – изҳор дошт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Ширин Амонзода.

Ба гуфтаи вай, намояндагони Вазорати меҳнат дар Русия дар бораи вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон саривақт ба вазорат иттилоъ медиҳанд ва ҳамеша дар интиқоли ҷасади шаҳрвандони фавтида кумак мекунанд. Аммо вазир нагуфт, ки онҳо дар ирсоли ҷасадҳо маҳз чӣ гуна кумак мекунанд.

Амонзода ҳамчунин ҳодисаи фоҷеабор дар Иркутскро мисол овард, ки дар пайи оташ задани як вагончаи сохтмонӣ аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, панҷ тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Ва ҳамчунин аз ҳодисае дар вилояти Волгоград ёдовар шуд, ки шаш шаҳрванди Тоҷикистон аз гази карбон заҳролуд шуданд.

Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳамеша шикоят мекунанд, ки барои интиқоли ҷасадҳо худашон як маъракаи хайрия ташкил карда, ҷасади ҳамватанони фавтидаашонро ба ватан мефиристанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2021 зиёда аз 350 ҳазор шаҳрвандони кишвар ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд. ВКД Русия моҳи октябри соли гузашта хабар дода буд, ки дар зарфи 9 моҳи соли 2021 вуруди 2 млн 25 ҳазору 712 нафар муҳоҷирони тоҷик ба ин кишвар сабт шудааст, ки 1,6 млн нафари онҳо мақсади сафари худро корёбӣ зикр кардаанд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар зарфи 9 моҳи соли 2021 муҳоҷирони тоҷик ба ватан ҳудуди 1 млрд 289 млн доллар фиристодаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.