“Дастгоҳро интизорем”. Вазири тандурустӣ гуфт, то ҳол намедонанд, ки дар кишвар “омикрон” ҳаст ё не

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар бораи вуҷуди навъи нави коронавирус- “омикрон” дар Тоҷикистон изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, барои муайян кардани он ба дастгоҳи тибии “Секвинор” эҳтиёҷ доранд, ки дар нимаи аввали соли 2022 ба кишвар ворид карда мешавад.

Ӯ гуфт, танҳо дар ин вақт метавонанд, “омикрон” будани беморонро аниқ кунанд.

Вазири тандурустӣ дар нишасти матбуотии имрӯза, 10 феврал гуфт? санҷишҳое, ки то имрӯз аз беморон гирифта шуд, дар Вазорати тандурустӣ ҳифз шуда, бо ворид гардидани дастгоҳи нави озмоишӣ барои муайян кардани намудҳои ин беморӣ таҳлилҳо гузаронида мешавад.

– Барои муқоиса кардани ду навъ – омикрон ё шакли дигари сабуки коронавирус, ба ғайр аз нишонаҳои клиникӣ гузаронидани генетиксозӣ аҳамияти калон дорад. Аз сабаби он ки ин беморӣ барои табибони тамоми дунё бемории нав буд, дар Тоҷикистон зарурати дастрас кардани дастгоҳи генетиксозӣ пеш омад. Мо инро ба инобат гирифта, аллакай, Вазорати тандурусӣ бо дастгирии бевоситаи шарикони рушд, дар нимсолаи аввали соли 2022 дастгоҳро ба кишвар ворид мекунад,- гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Номбурда гуфт, имрӯз муайян кардани шакли коронавирус барои рафти табобат ягон аҳамияти ҷиддӣ надорд,  чунки ба гуфтаи ӯ, “табобоати асосии коронавирус ин пеш аз ҳама таъин кардани доруҳои зиддивирусӣ ва доруҳо барои баланд кардани имунитет аст”.

Ёдовар мешавем, ки охири моҳи декабр ва аввали моҳи январи соли 2022 шикояти сокинон аз бистарӣ шудан бо нишонаҳои коронавирус зиёд шуд. Бархеҳо ҳатто ташхиси мусбати тестҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд.

Ҳамин тариқ,  рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии Тоҷикистон гирифторӣ ба COVID-19-ро дар кишвар тасдиқ кард ва дар бораи 23 мавриди сирояти коронавирус хабар дод.

Дар сомонаи вазорати тандурустӣ  зикр мешавад, ки дар маҷмӯъ аз оғози пандемия то ин дам дар Тоҷикистон шумораи гирифторони ин беморӣ 17 ҳазору 361 нафар ва шумори умумии шифоёфтагон 17 ҳазору 213 нафар ё худ 99,1%-ро ташкил медиҳад. То ин замон  теъдоди расмии фавтидагон моҳҳои зиёд бетағйир монда, 124 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар кишвар маъракаи эмкунии аҳолии аз синни 18-сола боло  бар зидди коронавирус идома дорад.

То 1 феврали соли 2022 дар Тоҷикистон 4 млн 594 ҳазору 703 нафар (79,7% аз шумори умумии аҳолии калонсол) ваксинаҳои зидди коронавирус гирифтаанд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 3 млн 902 ҳазору 269 нафар (67,7%) шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Маъракаи ваксинзанӣ зидди COVID-19 дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 оғоз шуд.. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар аҳолии кишвар зарур аст. Дар Тоҷикистон аз панҷ ваксинаи зидди коронавирус истифода мешавад: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Спутник V.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...