«Сомон Эйр» ваъда дод, ки сар аз моҳи март ба мусофирон хӯроки гарм медиҳад, на бутерброд

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” сар аз моҳи март ба мусофиронаш дар парвозҳо хӯроки гарм медиҳад, дар ин бора дар як мулоқот бо рӯзноманигорон Қосим Вализода, намояндаи ин ширкат хабар дод. Ӯ гуфт, ки пайдоиши коронавирус таъсири худро дар таъмини мусофирон бо хӯроки гарм ҳангоми парвозҳо гузошта буд. “Дар мувофиқа бо тавсияҳои Анҷумани байналмилалии ҳамлу нақли […]

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” сар аз моҳи март ба мусофиронаш дар парвозҳо хӯроки гарм медиҳад, дар ин бора дар як мулоқот бо рӯзноманигорон Қосим Вализода, намояндаи ин ширкат хабар дод.

Ӯ гуфт, ки пайдоиши коронавирус таъсири худро дар таъмини мусофирон бо хӯроки гарм ҳангоми парвозҳо гузошта буд.

“Дар мувофиқа бо тавсияҳои Анҷумани байналмилалии ҳамлу нақли ҳавоӣ,  IATA тасмим гирифта шуда буд, ки тамос миёни ҳайати ҳавопаймо ва мусофирон ба хотири  таъмини амнияти онҳо ба ҳадди аққал расонида шавад. Ҳадди аққал кардани тамосҳо, аз ҷумла ба василаи тақсими хӯрок.  Сарфи назар аз ин, ширкати мо тасмим гирифт, ки дар бастаҳои ҷудогона ин хӯрокро дар намуди сэндвич пешниҳод кунад”, – гуфт Вализода.

Намояндаи ширкат таъкид кард, ки онҳо расонаҳоро пайгирӣ мекунанд ва танқидҳои мусофирон дар бахши сифат ва таъмини хӯрокро мебинанд.

«Дар ин росто, мо аз оғози сол бо ширкатҳое, ки барои парвозҳо хӯрок омода мекунанд, мулоқот кардем.  Тасмим гирифтем, ки рӯзҳои наздик ин корро оғоз кунем. Бовар дорам ин кор на дертар аз 1-уми март хоҳад буд. Ин хӯрокҳо дар парвозҳое дода мешаванд, ки тӯли парвоз на камтар аз 3 соат аст”,- изҳор кард Қосим Вализода.

Пештар, мусофирон бо гузоштани аксҳои бутербродҳои “Сомон Эйр” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз раҳбарии ширкат шикоят мекарданд, ки  онҳо мусофирони худро эҳтиром бикунанд ва хӯроки дурусте ба онҳо бидиҳанд.

Бояд гуфт, ки пештар, дар миёнаҳои моҳи июни соли 2019  «Сомон Эйр», ба хотири 12 дар сад пойин овардани  нархи билетҳо, аз додани хӯрок даст кашида буд.

Пас аз шикоятҳои мусофирон дар ин росто, ки «Сомон Эйр» дигар дар парвози Душанбе-Маскав ба мусофиронаш хӯрок намедиҳад, ин ширкат гуфта буд, ки даст кашидан аз тавзеъи хӯрок ба хотири пойин овардани қиммати билетҳост.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.