Падари сарбози кушташуда аз Панҷакент: “мехоҳем командирҳоро низ ҷазо диҳанд”

Ҳалим Ҷӯраев, Билоли Шамс, Asia-Plus

Пайвандони Миралӣ Боқиев, аз Додситони ҳарбӣ хостаанд қазияи марги ин сарбози кушташударо одилона таҳқиқ кунанд ва ба ҷузъ сержанте, ки дар ин қазия гунаҳкор мешавад, ҳамчунин алайҳи командиру масъулони дигари қисми низомӣ низ чора андешанд.

Ин сарбози 20-солаи неруҳои марзбонӣ, шаби 17-уми январ аз зарби мушти ҳамхидматаш кушта шуд ва бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса сержант Сиддиқ Саъдуллоев боздошт шудааст.

Келдиёр Боқиев, падари Миралӣ Боқиев рӯзи 10-уми феврал дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, дирӯз ба Додситони ҳарбии Душанбе рафт ва дар робита ба марги мармузи писараш баёнот дод. Вай иддао дорад, ки дар қазияи марги Миралӣ ба ҷузъ сержант, касони дигар низ бояд ҷазо бигиранд.   

“Даъвои ман ин аст, ки чаро сарбозон дар артиш беназорат мемонанд. Мисол командир, қисми навбатдорӣ дорад, вале чаро сарбоз сарбозро зада мекушад. Мо дирӯз ҳам ба Душанбе рафтем, баёнот додем, ки нисбати командирон ва касони дигари назораткунанда ҳам чора андешанд. Дар соати 10-и шаб се сарбозро мебарорнанду мезананд, чаро касе бохабар нашуд”,-иддао дорад, Келдиёр Боқиев. 

Миралӣ Боқиеви 20-сола моҳи майи соли гузашта ба хизмат рафта, шаби 17-уми январи имсол, дар яке аз дидбонгоҳҳои ноҳияи Фархор, дар пайи латукӯби як сержант кушта мешавад, ки ҷасадашро 19-уми январ дар зодгоҳаш шаҳри Панҷакент ба хок супориданд.

Ин сарбоз дар қисми низомии № 0307 неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ хидмат мекард.

Додситонии ҳарбии Кӯлоб дар робита ба марги мармузи Миралӣ Боқиев парванда боз карда ва сержант Сиддиқ Саъдуллоев боздошт шудааст, ки ӯ дар ҳабс қарор дорад.

Фирӯз Раҷабзода, додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Боқиев аз сӯйи ҳамхидматаш, сержант Сиддиқ Саъдуллоев лату кӯб мешавад ва пас аз ду зарбаи мушт Миралӣ дар ҷойи ҳодиса кушта мешавад.

“Инро хулосаи ташхиси судӣ ҳам тасдиқ мекунад. Худи гумонбар Саъдуллоев ҳам тасдиқ мекунад, ки Боқиевро бо мушт ду зарба задааст ва ӯ баъди зарбаи дувум ба ҳалокат расид.  Ҳоло ин сержант бар асоси қисми 3-и моддаи 391 Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешавад, ки ин модда аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад”,- мегӯяд Раҷабзода.

Ба гуфтаи ин додситони ҳарбӣ, Сиддиқ Садуллоев 22 сол дорад. Сокини ноҳияи Рӯдакӣ буд аз ҳамин ноҳия ба хидмат сафарбар шудааст.

Ин сержант, ба ҷуз Миралӣ Боқиев, ҳамчунин ду ҳамхидмати дигарашро низ лату кӯб кардааст, ки ба гуфтаи Раҷабзода, хушбахтона онҳо зиндаанд.

Ҳоло Раҷабзода мегӯяд, ки пас аз анҷоми тафтишҳо командирҳои Боқиеву Саъдуллоев ҳам муҷозот хоҳанд шуд.

Охири моҳи январ Келдиёр Боқиев, падари Миралӣ Боқиев ҳамроҳи як гурӯҳ пайвандон барои таҳқиқи марги писараш аз шаҳри Панҷакент ба  вилояти Хатлон рафта буд. Вай, рӯзи 26-уми январ гуфта буд бо сарбозоне, ки ҳамроҳи Миралӣ латукӯб шуданд суҳбат карданд.  

 “Ду ҳамхизматӣ писарам гуфтанд, як сержант мо се сарбозро аз хоб хезонда ба ҷойи дамгирӣ овард ва аз Миралӣ бушлаташро пурсид. Онҳоро се борӣ бо мушт мезанад ва вақте ба қафаси синаи Миралӣ мезанад дар ҳамон ҷо мефавтад. Мо аз додситони ҳарбии Кӯлоб талаб кардем дар баробари сержанте, ки фарзанди моро кушт, командирони қисми ҳарбӣ низ ҷазо гиранд. Агар онҳо назорат мекарданд, ҳамин ҳодиса рух намедод”.-гуфта буд, падари сарбоз.

Бино ба гуфти пайвандони Миралӣ Боқиев, ӯ дар қисми ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ хизмат мекард ва панҷ рӯз пеш аз маргаш ба  қисми марзбонии 0307-и Фархор рафта буд.

Зариф Зарифов, амаки Миралӣ мегӯяд, то охир ин қазияро мебаранд, то ҳодиса одилона тафтиш шавад ва гунаҳкорон ҷазо гиранд. Ӯ низ бо ду сарбози ҳамроҳи бародарзодааш латукӯбшуда суҳбат кардааст ва мегӯяд, ба сабаби маргӣ Миралӣ, ки гӯё болопӯш (бушлат) бошад шубҳа дорад.

“Сержанте, ки сарбозонро зад, гӯё баъди 20 рӯз (дембел) рухсат мешудаст, ки ду сол пеш ба хидмат омадааст. Бародарзодаи мо ҳамагӣ 10 моҳ пеш рафта буд. Занозанӣ ба хотири либоси низомӣ дурӯғ аст. Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, сержант бушлат дошт ва болои сутул кашида гузошту моро ба задан даромад, ки ба чӣ сабаб ба мо норӯшан аст. Командирон мегӯянд, ки вай бушлаташро шуста будасту онҳоро берун бароварда ба хотири бушлат задааст”, гуфт Зариф.

Миралӣ Боқиев, дар курси якуми техникуми Зафаробод таҳсил мекард ва ба гуфтаи пайвандонаш моҳи майи соли гузашта аз ин ноҳия ба хидмат рафт. Ин сарбози ҷавонмарг, 19 сол дошт, ки 2-уми феврал,ҳамагӣ баъди чанд рӯзи куштанаш 20-сола мешуд. Ҷасади ӯро 19-уми январ дар зодгоҳаш деҳаи Филмандари шаҳри Панҷакент, ба хок супурдаанд. 

Келдиёр Боқиев, падари ин сарбози кушташуда мегӯяд, ният дошт баъди адои хизмати дусола ва бозгашти писараш ӯро хонадор кунад, вале насиб накард.Миралӣ дар хонаводаи Боқиевҳо фарзанди хурдӣ буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...