Кормандони пулиси Екатеринбург тоҷикистониро ба ҷангал бурда, аз ӯ пул тамаъ карданд

Дар Екатеринбург кормандони пулис шаҳрванди Тоҷикистон Хайриддин Одинаевро дар назди даромадгоҳи хонааш боздошт намуда, сипас ба ҷанагал мебаранд ва аз ӯ пул тамаъ мекунанд, менависад “Новая газета” бо истинод ба ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия Валентина Чупик. Ба гуфтаи Чупик, вақте ки дар ҷангал Одинаевро тарсонида, пул талаб мекунанд, ӯ мегӯяд, ки шахси доро нест […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар Екатеринбург кормандони пулис шаҳрванди Тоҷикистон Хайриддин Одинаевро дар назди даромадгоҳи хонааш боздошт намуда, сипас ба ҷанагал мебаранд ва аз ӯ пул тамаъ мекунанд, менависад “Новая газета” бо истинод ба ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия Валентина Чупик.

Ба гуфтаи Чупик, вақте ки дар ҷангал Одинаевро тарсонида, пул талаб мекунанд, ӯ мегӯяд, ки шахси доро нест ва пул пардохт карда наметавонад. Пас аз ин ӯро ба мошин шинонида, ба шуъбаи №8-и пулис мебаранд.

Соати 10-и субҳи вақти Екатеринбург ӯ ба ҳамсараш занг зада, мегӯяд, ки куртка ва пойафзолашро гирифта, дар фарши бетонии хунук нигоҳ медоранд ва мегӯянд, ки ӯ ба “итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони пулис” гумонбар дониста мешавад, ки мутобиқи ин модда метавонад Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ)-и ӯ бекор шуда, сипас ба Одинаев ихроҷ таҳдид мекунад.

Ҳамсар, фарзандон, бародар ва падари Одинаев шаҳрвандони Русия буда, Одинаев рӯзи 15 феврал ба пешниҳоди ҳуҷҷат барои гирифтани шаҳрвандии Русия сабтином шуда будааст.

Дар шуъбаи пулиси №8-и Раёсати ВКД дар Екатеринбург ба “Новая газета” гуфтаанд, “шаҳрванд барои қонуншикании маъмурӣ боздошт шудааст”.

Дар ҳамин ҳол, дар Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуданд, ки аз ин масъала хабар надоранд ва аз шаҳрванди Тоҷикистон ба онҳо арзу шикояте нарасидааст. Зикр шуд, ки онҳо масъаларо пайгирӣ хоҳанд кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.