“Тарафҳо ба мувофиқа нарасиданд”: дар бораи мулоқот ва музокироти Аҳмади Масъуд бо Толибон дар Душанбе

Хайриддин Усмонзода, раиси тозатаъини Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар робита ба  баргузор нагардидани музокирот миёни намояндагони ҳаракатҳои сиёсӣ ва қавмҳои Афғонистон, аз ҷумла Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмади Масъуд ва ҳукумати сарпарасти “Толибон”-ро дар Душанбе мувофиқат накардани тарафҳо унвон кард. Ин дар ҳолест, ки ташкили фазо барои гуфтушуниди ҷонибҳо дар доираи сафари ахири сарвазири Покистон Имрон […]

Хайриддин Усмонзода, раиси тозатаъини Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар робита ба  баргузор нагардидани музокирот миёни намояндагони ҳаракатҳои сиёсӣ ва қавмҳои Афғонистон, аз ҷумла Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмади Масъуд ва ҳукумати сарпарасти “Толибон”-ро дар Душанбе мувофиқат накардани тарафҳо унвон кард.

Ин дар ҳолест, ки ташкили фазо барои гуфтушуниди ҷонибҳо дар доираи сафари ахири сарвазири Покистон Имрон Хон ба Тоҷикистон ва мулоқоташ бо раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2021 мувофиқа шуд буд.

Он замон ин тасмим аз сӯи ҷомеаи Тоҷикистон истиқболи гарм ёфта, бархе онро муваффақияти Эмомалӣ Раҳмон барои ҳимояи ҳуқуқи тоҷикони Афғонистон маънидод карданд. Вале тавре дида мешавад, чунин мулоқот дар Тоҷикистон баргузор нашуд ва хабарҳо дар мавриди гуфтушуниди ду гурӯҳ аз Теҳрону Маскав расид. 

Раиси тозатаъини Маркази тадқиқоти стратегӣ, имрӯз, 10 феврал зимни нишасти матбуоти гуфт, барузорр шудани нишаст дар ҳудуди кишварҳои дигар ҳеҷ вақт бар зарари ҷустуҷӯйи роҳи ҳалли мусбати масъалаи рӯзмарраи Афғонистон нест ва ҳар  кишвар метавонад, ки вобаста ба он таъсире, ки ба ин гурӯҳҳо дорад, фазоро барои гуфтугӯи ин гурӯҳҳо пешниҳод кунад.

–  Бинобар ин, Тоҷикистон ҳама вақт омода ҳаст, дар робита ба ин масъала фазоро барои ҳамкории ин гурӯҳҳо ба ихтиёрашон қарор диҳад. Минбаъд низ ин масъала дар сатҳи дигар дар шакли дигар ба воқеият табдил меёбад,- гуфт Усмонзода.

Ёдовар мешавем, ки пас аз мулоқоти 17 сентябри соли 2021, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистону Покистон ба ифоқа расиданд, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни «Толибон» ва тоҷикони Афғонистон мусоидат хоҳанд кард. 

Ҳамчунин пас аз ин мулоқот дар Душанбе Имрон Хон дар “Twitter” – и худ навишта буд, ки “пас аз вохӯрӣ бо роҳбарони ҳамсоякишварҳои Афғонистон, бахусус баъди гуфтушуниди тӯлонӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ман бо “Толибон” дар бораи бунёди ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ – тоҷикону ҳазораҳо ва ӯзбекон гуфтушунид оғоз намудам”.

Он замон вақт ва замони баргузории муколама маълум набуд, вале коршиносон мегуфтанд, ки дар сурати баргузор шудан гуфтушунид мавзӯи меҳварӣ бояд вазъи Панҷшер ва кӯмак ба ин дара бояд бошгад.

“Толибон” 15 августи соли 2021 ҳукумати Афғонистонро тасарруф карданд. Дараи Панҷшер, ки асосан минтақаи тоҷикнишин аст, ягона минтақаи Афғонистон, ки ҳанӯз "Толибон" онро пурра тасарруф накардаанд. Ҳарчанд Толибон аз назорати пурра ба дараи Панҷшер хабар медиҳанд, вале намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯянд, даргирӣ ҳанӯз идома дорад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.